Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба анҷом расид


Марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Даври дувуми музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзи 16-уми март оғоз ёфта буд, ба анҷом расид.

Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз ҷои ҳодиса гузориш дод, ки ҳайатҳо ба раҳбарии муовинони нахуствазири ду кишвар ба марзи деҳаи Оқсойи Қирғизистон ва ҷамоати Ворухи Тоҷикистон рафтаанд. Интизор меравад, онҳо бо сокинони ду деҳа ва раҳбарони маҳалҳо вазъият дар сарҳадро баррасӣ кунанд.

Дар ҳоли ҳозир роҳи Ӯш-Бодканд-Исфана ва роҳе, ки шаҳри Исфараро бо ҷамоати Ворух мепайвандад, бастааст. Хабар дода мешавад, ки дар музокироти рӯзи шанбе ин масъала баррасӣ шудааст, вале маълум нест, ҷонибҳо ба чӣ қарор расидаанд.

Музокироти аввал рӯзи 14-уми март ва пас аз муноқишаи маргбор миёни сокинони Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон сурат гирифта буд. Дар ин муноқиша ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз бист нафар, аз ҷумла се сокини Қирғизистон захмӣ шуданд.

Муноқиша дар пайи сохтмони роҳи Оқсой-Тамдиқ шуруъ шуд. Роҳро Қирғизистон месозад. Ҷониби Тоҷикистон бо он розӣ нест.

Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол дар мавриди музокирот ва ҷузъиёти он чизе нагуфтаанд. Қаблан онҳо дар сар задани низоъ дар марз сокинон ва нерӯҳои марзбонии кишвари ҳамсояро муттаҳам карда буданд.

Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.

XS
SM
MD
LG