Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи Беҳрӯзи Хоҷазода дар мусобиқоти Русия


Беҳрӯз Хоҷазода
Беҳрӯз Хоҷазода

Беҳрӯзи Хоҷазода, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии Ekaterinburg Grand Slam 2019 оид ба ҷудо (Judo, дзюдо), ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷараён дорад, медали биринҷӣ гирифт.

Ӯ рӯзи 16-уми март дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кило панҷ қувваозмоӣ анҷом дода, дар чортоаш ғолиб омад. Беҳрӯз дар даври аввал ба Роберт Бармиг аз Олмон, баъдан ба Георгидос Маркарян аз Юнон пирӯз шуд, вале дар даври севум аз Томи Макиас аз Шветсия мағлуб гашт. Паҳлавони тоҷик дар даври тасаллобахш ба варзишгари Молдова Виктор Стерпу дастболо гардид.

Далер Қурбонҷонов, Комрон Мамадназаров ва Шоҳида Қаландарова дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

Беҳрӯз Хоҷазода барои медали биринҷӣ ба Эдуардо Барбоса аз Бразилия ғалаба кард ва барои ҷойи севум ба ҷуз медалу имтиёзи олимпӣ бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 1500 доллар сарфароз гашт.

Ба иттилои Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар Ekaterinburg Grand Slam 2019 дар рақобатҳо 354 варзишгар (203 мард ва 151 зан) аз 47 кишвари дунё иштирок дорад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳафт гуштигир шомил аст: Далер Қурбонҷонов, Комрон Мамадназаров (ҳарду дар вазни то 60 кило), Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду дар вазни то 73 кило), Саидҷалол Саидов (вазни то 100 кило), Шакармамад Мирмамадов (вазни беш аз 100 кило) ва Шоҳида Қаландарова (вазни то 57 кило).

Рӯзи ҷумъаи 15-уми март, занон дар се вазн – 48, 52 ва 57 кило – ва мардон дар ду вазн – 60 ва 66 кило – рақобат карданд. Рӯзи шанбеи 16-уми март барандагони медалҳо дар чаҳор вазн: 63 ва 70 кило миёни занон ва 73 ва 81 кило – байни мардон маълум шуданд.

Рӯзи 15-уми март се варзишгари тоҷик - Далер Қурбонҷонов ва Комрон Мамадназаров (ҳарду дар вазни то 60 кило миёни мардон), Шоҳида Қаландарова (дар вазни то 57 кило миёни занон) – рақобат карда, дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

Рӯзи 16-уми март ба ҷуз аз Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило Сомон Маҳмадбеков қувваозмоӣ кард. Ӯ дар даври аввал Ҳамсат Исоеви олмониро шикаст дод, вале дар даври дувум аз Фабио Басиле аз Италия мағлуб шуд.

Мусобиқот рӯзи якшанбе, 17-уми март, бо қувваозмоӣ дар ду вазн - 78 ва беш аз 78 кило – миёни занон, инчунин дар се вазн - 90, 100 ва беш аз 100 кило – байни мардон ба анҷом мерасад.

Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кило дар даври аввал бо Ниёз Билолов ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз 100 кило бо Руслан Шоҳбозов (ҳарду аз Русия) рақобат мекунанд.

Зимнан, Ekaterinburg Grand Slam 2019, ки баъди Grand Prix дар Телавиви Исроил, Grand Slam дар Парижи Фаронса, Grand Slam дар Дюсселдорфи Олмон ва Grand Prix дар Марокаш панҷумин чорабинии имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ба шумор меравад, ба варзишгарон имкон медиҳад ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио дар рейтинги ҷаҳониву олимпӣ имтиёзҳо ба даст биёранд.

Ғолибон ва ҷоизадорони Ekaterinburg Grand Slam 2019 ба ҷуз медал бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд. Барои ҷойи аввал 5000 доллар, барои ҷойи дуюм 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500- долларии ИМА супурда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG