Рӯзи 15-уми март бар асари ҳамлаи террористӣ ба ду масҷид дар шаҳри Крайстчерчи Зеландияи Нав, 49 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Тибқи гузоришҳо то ба ҳол 4 нафар -- се мард ва як зан дар ин робита боздошт шудаанд.
Хабаргузории "Франс-пресс" ба нақл аз нахуствазири Австралия навишт, ки яке аз ҳамлаварон ба ин масҷидҳо, як "террористи ифротии ростии зодаи Австралия" будааст. Ҳамлаҳо чанд лаҳза қабл аз намози ҷумъа сурат гирифтааст. Нахуствазири Зеландияи ин рухдодро "ҳамлаи террористӣ" хондааст.
Нахуствазири Зеландияи Нав ин рӯзро яке аз сиёҳтарин рӯзҳо дар таърихи ин кишвар гуфтааст.
Дар наворҳои нашршуда дар шабакаи "Фейсбук", ки аз сӯи яке аз гумонбаршудаҳо нашр шудааст, дида мешавад, ки яке аз ҳамлаварон бо силоҳи автоматикӣ ба масҷид дохил мешавад ва ба сӯи намозгузорон, ки дар интизори адои намози ҷумъа буданд, тирандозӣ мекунад.
Ҳамчунин Дар "Твиттер" видеое мунташир шудааст, ки тибқи гузоришҳо лаҳзаи боздошти яке аз гумонбарони ҳамла ба масоҷидро нишон медиҳад. Индонезия нахустин кишваре аст, ки ин ҳамлаҳоро маҳкум кардааст. Раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҳам ин ҳамларо ба шиддат накӯҳиш намудааст.
Чанд соат пас аз он, ки расонаҳои Зеландияи Нав гузориш доданд, ки байни 9 то 27 нафар дар ин ҳамлаҳо ҷони худро аз додааст, нахуствазири ин кишвар шумораи қурбониёни ҳодисаро 49 тан гуфт. Дар ҳамин ҳол пулиси Зеландияи Нав аз ҳама масҷидҳо хостааст, то дарҳои худро баста нигаҳ доранд.
Ҳамлаи афроди мусаллаҳ рӯзи 15-уми март дар оғоз ба ба масҷиди "Нур" дар шаҳри Крайстчерчи Зеландияи Нав сурат гирифт. Ин ҳамла замоне рух дод, ки мардум барои баргузории намози ҷумъа дар масҷиди "Нур" ҷамъ омада буданд. Ҳамла чанд дақиқа пеш аз ворид шудани дастаи миллии крикети Бангладеш ба масҷиди "Нур", рух додааст. Гуфта мешавад, ки дар ин ҳамла ҳеҷ яке аз аъзои ин даста осеб надидааст.
Тибқи бархе гузоришҳо, дар як масҷиди дигари атрофи ин шаҳр низ як ҳамлаи дигар сурат гирифтааст. Нахуствазири Зеландияи Нав ин рӯзро яке аз сиёҳтарин рӯз дар таърихи ин кишвар гуфтааст. Комиссари пулиси ин кишвар низ аз кашфи бомбаҳои дастсоз дар наздикии ду масҷид хабар додааст.
Мусалмонон дар Зеландияи Нав ҳудуди як фоизи аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд. Аҳолии Зеландияи Нав тақрибан 5 миллион нафар мебошад ва тибқи омори ҳукумати он кишвар аз соли 2013, дар ин кишвар 50 ҳазор мусалмон ба сар мебаранд. Дар ин кишвар дар баробари мусалмонон ҳамчунин масеҳиён, ҳиндуҳо ва буддоиҳо зиндагӣ мекунанд.
Аз ба истило ,,хукумати худкомаи,, Точикистон гуе ки фирор карданд ва озими Европа мешаванд. Вале аз нияту, маром ва максадхои нопокашон хеч вакт даст намекашанд. Инхоро агар ба Мох ва е Миррих хам одам равон кунад аз мафкураи танги Дини даст нахоханд кашид. Чунки ба шайтон байхат кардаанд ва фикрашон на Инсондусти ва Зиндаги балки факат намоз хондану чиходу катлу куштори инсон он хам бошад ба номи Аллох ва Исломи худашон. Чояшон факат зиндон аст ва е гуристон.
Аҷиб, бемории COVID-19 дар Тоҷикистон набошад пас 2 миллион ваксина барои чи лозим? Агар ин қадар истеҳсолот зиёд шуда бошад пас чаро буҷаи давлатӣ кам баромад? Агар ин қадар ҷойҳои кории нав ташкил шуд, чаро сафи бекорон ва камбизоатӣ зиёд шуд? Истеҳсоли барқ зиёд шуда бошад чаро лимити шадид дар тамоми Тоҷикистон? Умуман ин қадр пешрафту комёбиҳои зиёд шуда бошад чи лозим боз қарз мегиранд аз ташкилотҳои молиявии хориҷӣ? Чаро ягон сухани гуфта шуда дар ҳает ҳақиқат надорад ё баракс аст? .
Дар бораи нарх : !!!!!! Чихел намефахмед ??? Иктисоди бозаргони, давлат ба нарх дахолат намекунад, Умуман минталитети мардуми мо то хол ба СССР монандаст, бояд хаммакорро давлат кунал, чои кор дихад, заводу фабрика созад, нархи арзон дихад, як савол , аз кучо??? 9000000 мардум факат аз гиребони давлат. Барои мисол: Амрикоро давлат бой накардааст, мардумаш талош карданд, хонданд, босавод шуданд, Apple, Microsoft, Boeing, долар, интернет, GM, Tesla, Ford, Cadillac, Биржа, ООН, ЮНИСЕФ, Macdonalds, KFC, NIKE, SpaceX, NATO боз чандин бренхои дигар. ! Ягонтаи инро давлат насохтаас! Аз пушти инхо давлат бой шуд. Дар Точикистон ягон падару модар ба таълими фарзандаш ахамият намедихад, барои он ки худащ бесавод аст, бесавод калон мешавад, гиребони давлатро мегирад, Давлат вазифааш таъмини сулху бехатари ва отношении хуб бо давлахои хорича мебошад. Барои хамин мо бояд идеае ё коре кунем ки давлат аз пушти мо бой шавад. Пушида нес Точикистон уммуман бойгари надорад, ба монанди нефт, газ, тилло... Барои хамин мардум!: худ бояд аз паи фикру допишу навигари шавед. Як бор фикр кунед! Мо хаммамон бесавод хастед. Ин хуб нес, ки худ аз дастат чизе намеояду гиребони як каси дигарро мегири ки хаммаи чизро бароят мухаё кунад, ин нодуруст аст. Бесаводистон
Охир то кая мардумро фиреб мекунед шарм кунед камтарак не чойи кору не пулу не мол ба хама аз муаллиму донишчу ректор зулм кардан бас аст ин Халк 1 мох баьд бинед чи ходиса мешавад ба ин бекори
Демократияву адолати аврупои ана инро мегуянд! Дар мо барои як лайк ё коммент аз 10 то 15 соли умри чавонои нозанина паси панчара бурданд. Гур дар сари шуравиву чахони рус! Хама вахшигариву, хашму нодурустихо аз хамонхо ба мо меърос мондааст. Мо точикон бештар бояд бо Аврупо равобити хуб баркарор кунем, на барои кор, балки барои тахсилот. Насихат барои чавонои хунгарм. Мухочирон дар Хабаша беодоби намекарданд! Лутфан одобу ахлоки накуро пеша кунед!