Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хуҷанд" ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2019 роҳ ёфт. САДО


Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, ки бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2019-ро дар майдони худ бо тими “Аҳал”, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Туркманистон, бо ҳисоби 0:0 анҷом дод, ба марҳилаи гурӯҳӣ роҳ пайдо кард.

Бозии ҷавобӣ миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Аҳал”, ки имрӯз, 13-уми март, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳузури 25 000 тамошогар доир гардид, бидуни гол ба поён расид. Дар нимаи аввали дидор меҳмонон фаъол буданд. Нимаи дувуми бозӣ бо бартарии мизбонон гузашт. Вале кушодани ҳисоб ба футболбозон муяссар нашуд.

Бозии аввали ин дастаҳо 6-уми март дар шаҳри Ишқободи Туркманистон бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расида буд. Дастаи ғолиб аз рӯи натоиҷи ду бозӣ маълум гардид. Як голи дар меҳмонӣ задаи “Хуҷанд” ба даста пирӯзӣ овард.

Ба ин тартиб, “Хуҷанд” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2019 дар гурӯҳи "D" бо дастаҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон), "Дордой" (Қирғизистон) ва "Алтин Асир" (Туркманистон) рақобат мекунад.

Дар даври аввали мусобиқот дар ин гурӯҳ ду дастаи Тоҷикистон – “Истиқлол” ва “Хуҷанд” - бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. Бозӣ рӯзи 3-юми апрел дар майдони “Истиқлол” доир мегардад.

Нуъмонҷон Юсупов, сармураббии дастаи “Хуҷанд”, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мо хеле хушҳол ҳастем, ки бохти порсоларо ҷуброн карда, ба мақсади худ расидем. Дар бозиҳои плей-офф муқобили “Аҳал” пирӯз шуда, бори аввал ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AФК роҳ пайдо намудем. Дар бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ мекӯшем, ки хуб бозӣ карда, мухлисонамонро шод гардонем. Зимнан, аз ҳазорҳо мухлисони даста, ки дар бозии ҷавобӣ дар варзишгоҳ моро хуб дастгирӣ карданд, сипосгузорем.”

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00
Линки мустақим

Ба гуфтаи сармураббии “Хуҷанд” ҳайати даста имсол аз ҳисоби футболбозони дохилию хориҷӣ хеле пурқувват шудааст. Дар бозиҳои плей-офф муқобили “Аҳал”, ба ҷуз бозигарони тоҷик, легионерҳои даста - дарвозабон Давид Купатадзе ва ҳимоятгар Торнике Ҷимшелеишвили, ҳарду аз Гурҷистон, ҳимоятгар Асилҷон Бегимқулов аз Узбекистон, ҳамлагар Турсуналӣ Рустамов – узви дастаи мунтахаби миллии Қирғизистон – хуб ҳунарнамоӣ карданд.

Ёдовар мешавем, моҳи феврали соли гузашта дар ҳарду бозии плей-оффи Ҷоми AFC “Аҳал” бар “Хуҷанд” бо ҳисоби умумии 3:0 ғолиб омада буд. Бозии аввал дар шаҳри Балканободи Туркманистон бо ҳисоби 1:0 ва бозии ҷавобӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 0:2 хотима ёфт.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АFC-2019 дар минтақаи Марказӣ 2-юми апрел шуруъ шуда, 26-уми июн ба поён мерасад. Ба марҳилаи баъдӣ танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ пайдо мекунад. Баъди анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ нимфинал ва финали байниминтақавӣ доир мегардад. Сипас рақобати асосӣ - бозии ниҳоии Ҷоми АFC-2019 – рӯзи 2-юми ноябр баргузор мешавад.

Ҷоми AFC-2019

Плей-офф. Бозии ҷавобӣ

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Давид Купатадзе, Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Аҳмадов, Асилҷон Бегимқулов, Торнике Ҷимшелеишвили, Комрони Мирзонаҷот (Турсуналӣ Рустамов, 56), Фирдавс Чақалов (Дилшод Каримов, 90+2), Ойбек Абдуғаффоров, Ҷаҳонгир Эргашев, Бахтиёр Чориев, Дилшод Восиев (Дилшод Бозоров, 79).

Сармураббӣ: Нуъмонҷон Юсупов

«Аҳал» (Туркманистон): Ботир Бобоев, Қурбонгулӣ Аширов, Шуҳрат Суюнов, Даврон Оразалиев (Пирмурод Султонов, 53), Гуванҷ Абилов (Дидор Ҳоҷиев, 81), Дидор Дурдиев, Вазиргелдӣ Илёсов, Хошгелдӣ Хоҷовов, Абдӣ Башимов, Мирзо Бекназаров, Мардон Қурбонов (Ихлос Сафармаммедов, 70).

Сармураббӣ: Равшан Муродов

Бозигари беҳтарини дидор: Давид Купатадзе («Хуҷанд»).

Сардовар: Сивакорн Пу-Удом (Тайланд).

Нозири доварон: Авнӣ Абдул Карим Ҳассоунеҳ (Урдун).

Комиссари бозӣ: Равишанкар Ҷаяраман (Ҳиндустон).

13 март. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 25 000 тамошогар.

Бозии аввал – 1:1.

Ҷоми AFC-2019

Гурӯҳи «D». Минтақаи марказӣ

Даври 1-ум

3 апрел (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

«Дордой» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

Даври 2-юм

17 апрел (чоршанбе)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)

Даври 3-юм

1 май (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

Даври 4-ум

15 май (чоршанбе)

«Дордой» (Қирғизистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

Даври 5-ум

19 июн (чоршанбе)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум

26 июн (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

«Дордой» (Қирғизистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG