Универсиадаи XXIX ҷаҳонии зимистона, ки аз 2-юм то 12-уми март дар шаҳри Красноярск баргузор шуд, аз рӯи ҳисоби умумии медалҳо бо пирӯзии мунтахаби Русия ба поён расид. Мизбонон 112 медал, аз он ҷумла 41 медали тилло ба даст оварданд.
Маросими пӯшидашавии ин мусобиқоти бузурги варзишии донишҷӯёни олам рӯзи 12-уми март дар маҷмааи варзишию фарҳангии «Платинум-Арена» доир гардид.
Дар ин маросим сарвазири Русия Дмитрий Медведев ҳамаи ғолибони Универсиадаи XXIX ҷаҳонии зимистонаро табрик гуфта, иброз дошт, ки «шумо рақибони сазовор доштед ва дар миёни зӯртаринҳо беҳтарин шудед. Ва аммо ғалабаи асосӣ, натиҷаи аслӣ ин аст, ки дар ин рақобатҳо қаҳрамонҳо ҳастанд, вале мағлубшудагон нестанд.»
Баъдан президенти Федератсиони байналмилалии варзиши донишҷӯён (FISU) Олег Матитсин ва шаҳрдори Красноярск Сергей Ерёмин парчами FISU-ро ба Беатиу Сюсли, шаҳрдори Люсерн, ки дар онҷо Бозиҳои ояндаи зимистонаи донишҷӯён баргузор мешаванд, супурданд.
Ҳамин тариқ, оташи Универсиадаи XXIX ҷаҳонии зимистона дар Красноярск хомӯш гардид. Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Универсиада беш аз 3000 варзишгари донишҷӯ аз 58 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Онҳо барои 76 маҷмуи медалҳо оид ба 11 намуди варзиш, монанди биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, лижатозӣ, сноуборд, рақси рӯи ях, фристайл, ҳоккей, шорт-трек ва ғайра рақобат карданд.
Аз рӯи ҳисоби умумии медалҳо мунтахаби Русия бо касби 112 медал, минҷумла 41 нишони тилло ҷойгоҳи аввалро азони худ кард. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 14 медал, аз он ҷумла 6 нишони тилло дар ҷойгоҳи дувум ва мунтахаби Ҷопон бо касби 13 медал, минҷумла 5 нишони тилло дар ҷойгоҳи севум қарор гирифтанд.
Тоҷикистонро дар Универсиадаи XXIХ ҷаҳонии зимистона чаҳор варзишгар - Садолати Ибодулло, Сайфиддини Низомиддин, Соҳибназар Соҳибов ва Баракатулло Зокиров - бо раҳбарии раиси Ассотсиатсияи варзишгарони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон Шодӣ Сафаров, ки раиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ мебошад, намояндагӣ карда, дар намуди лижаронии кӯҳӣ дар рақобатҳо оид ба слаломи бузург ва слалом ширкат варзиданд.
Дар рақобатҳо оид ба слаломи бузург миёни мардон Сайфиддини Низомиддин бо натиҷаи умумии 2:27.96 (1:11.52 + 1:16.44) мақоми 54-ум ва Баракатулло Зокиров бо натиҷаи умумии 2:29.50 (1:11.67 + 1:17.83) мақоми 55-умро касб намуданд.
Дар рақобатҳо оид ба слалом миёни мардон Соҳибназар Соҳибов бо натиҷаи умумии 2:12.93 (1:04.18 + 1:08.75) ҷойгоҳи 38-умро ишғол кард.
Садолати Ибодулло дар сабқати слаломи бузург миёни занон бо натиҷаи 1:32.47 дар байни 71 нафар ҷойи 67-умро соҳиб шуд.