Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишномаи "Сангсор" дар Ҷузҷон ҷанҷолбарангез шуд


Сюжети як намоишномаи театрӣ, ки аз сӯи як ниҳоди шаҳрвандӣ ба муносибати 8-уми март -- Рӯзи ҷаҳонии зан дар шаҳри Шибиргон -- маркази вилояти Ҷузҷон дар шимоли Афғонистон иҷро шуд, аз сӯи шуморе аз тамошобинон мавриди интиқод қарор гирифт.

Фаридун Аниқ, сухангӯи раиси вилояти Ҷузҷон ба бахшии афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, ин намоиш замоне ҳассосияти тамошобинонро барангехт, ки Лутфуллоҳ Азизӣ, волии Ҷузҷон қабл аз оғози намоиш, маҳфилро тарк кард ва ба дар пайи он Саидмуҳаммад Ҷаъфари Мисбоҳ, раиси адлияи Ҷузҷон ба ин намоишнома вокуниш нишон дод.

Баргузоркунандаи маҳфил мегӯяд, ин як навъ "фарҳангкушӣ" дар сатҳи вилояти Ҷузҷон аст, ки бар алайҳи занон ва ҷомеаи рӯшанфикрӣ анҷом мешавад.

Фаридун Аниқ афзуд, дар ин намоишнома як зан аз тарафи мардони мусаллаҳ бо либоси сиёҳ бо сар додани шиори "Аллоҳу Акбар" сангсор мешавад. Вай мегӯяд, нашри ин намоишнома тавҳин ба дини муқаддаси ислом аст ва бояд ниҳодҳои шаҳрвандӣ аз мардум ва уламои динӣ узрхоҳӣ кунанд.

"Бале, дар маҳфили Рӯзи зан як идда ҷавонон ва ҷомеаи маданӣ як барномаи театриро намоиш доданд, ки онҳо тавре ноогоҳона сюжетро интихоб намуда буданд, ки тавҳин ба дини муқаддаси ислом шудааст, зеро ба гуфтаи раиси адлия, дар минтақаҳои зери назорати Ҷумҳурии исломии Афғонистон амалан падидае бо номи задани тозиёна ва сангсори занон иҷро намешавад. Беҳтарин роҳ ҳамин аст, ки омилон аз мардум узрхоҳӣ кунанд".

Бархе аз уламои динӣ низ дар саҳфаҳои "Фейсбук"-и худ фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро "торикфикрон"-и ҷомеа хитоб намуда ва ин намоишномаи театри ба муносибати Рӯзи занонро тавҳин ба аҳкоми дини ислом донистаанд. Ин уламо навиштаанд, ки шуморе аз ин афрод дар баробари чунин барномаҳо аз муассисаҳои хориҷӣ пул дарёфт мекунанд.

Ин намоиши рамзиро бархе аз духтарон иҷро карда буданд ва нависандаи он Амир Муҳаммад Тасвир, яке аз достоннависони ҷавони шаҳри Шибирғон аст. Оқои Тасвир мегӯяд, ҳадаф аз ин намоишнома, ки "Сангсор" ном дошт, баён воқеиятҳои занон аст, ки чанд рӯз қабл дар минтақаи Санчораки вилояти Сари Пул, минтақаи Қуштеппаи вилояти Ҷузҷон ва дар чандин вилояти дигари кишвар зулм ва ситам дар нисбаташон анҷом шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Фарзин Фаҳимӣ, баргузоркунандаи маҳфил мегӯяд, ин як навъ "фарҳангкушӣ" дар сатҳи вилояти Ҷузҷон аст, ки бар алайҳи занон ва ҷомеаи рӯшанфикрӣ анҷом мешавад. Хонум Фаҳимӣ гуфт, шуморе аз афрод аз ин намоишнома, ки дар вокуниш ба амалкарди золимонаи мухолифони мусаллаҳ дар баробари занон амалӣ гардид, бардошти ғалат карда ва дар баробари он мавзеъгирии нодуруст намуданд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG