Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гунбадҳои масҷиди навро дар Норак вайрон кардаанд. АКС


Дар деҳаи Даҳанаи Норак як масҷиди ҷомеъро ба истифода доданд, ки сохтмонаш 12 сол тӯл кашид. Дари масҷид рӯзи ҳаштуми марти имсол боз шуд, вале ҳамагӣ баъди ду рӯз се гунбади онро вайрон карданд.

  • Мақомот иддао доранд, ки дар нақшаи сохтмони масҷид бунёди гунбадҳо пешбинӣ нашуда буд. Намозгузорон мегӯянд, то кунун касе сабаби тахриби гунбадҳоро шарҳ надодааст ва ҳоло ҷойи гунбадҳоро бо болопӯш маҳкам кардаанд.
Фикр мекунам, дар ин масъала имом-хатиб ҳам масъул аст. Мебоист ба мақомот хабар медод, ки дар масҷид гунбаду манора ҳам бардошта мешавад

Чаро гунбадҳоро канданд?

Ба қавли рӯҳониён, манораву гунбад аз рукнҳои муҳими масҷидҳост. Аз як сӯ, маҳалли ҷойгиршавии масҷидро ба мардум нишон медиҳад ва аз тарафи дигар садои муаззинро, ки ба намоз даъват мекунад, ба маконҳои дур мерасонад.

Абдулҳай Наимов, имом-хатиби масҷиди ҷомеъ дар деҳаи Даҳанаи Норак, рӯзи 11-уми март аз ҷавоб гуфтан ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи сабабҳои тахриби се гунбади тозабунёд худдорӣ кард.

Ҷунайдулло Ваҳҳобов, раиси шӯъбаи дини шаҳри Норак, ки фаъолияти масҷидҳоро назорат мекунад, дар суҳбати ҳузурӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар нақшаи сохтмони масҷид бунёди гунбадҳо пешбинӣ нашуда буд ва аз ин хотир барканда шуд".

Бо пули мардум ва соҳибкорон

Масҷиди нав, ки дар 70-километрии ҷануби пойтахти Тоҷикистон дар як мавзеи баланд ҷойгир аст, аз ду ошёна иборат буда, барои намозгузории панҷ ҳазор нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст.

Ҷои манораҳоро бо бомпӯш маҳкам кардаанд
Ҷои манораҳоро бо бомпӯш маҳкам кардаанд

Сохтмони таҳоратхонаву биноҳои иловагияш ҳанӯз идома дорад. Барои бунёди масҷид сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ пул додаанд. Ҷунайдулло Ваҳҳобов мегӯяд, сохтмони масҷид аз соли 2007 то моҳи марти имсол тӯл кашид, чун маблағи кофӣ набуд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми март ба масҷиди навбунёд дар деҳаи Даҳанаи Норак рафтанд. Дар пушти бинои масҷид пораҳои хишт, оҳаксанг, симу бетон ва ҳилоли оҳанӣ – осоре аз гунбадҳои шикаста – хобида буд.

"Тарҳи манораҳо ба талабот ҷавобгӯ набуд"

Чаҳор сол қабл мақомот манораи масҷиди Чилламазори шаҳри Ваҳдатро низ хароб карда, дар шарҳи расмӣ гуфта буданд, ки "тарҳи манораҳо ба талабот ҷавобгӯ набуд". Онҳо иддао карданд, ки ҳангоми сохтмони манора эҳтимоли сар задани ҳолатҳои фавқулода, аз ҷумла зилзила, ба назар гирифта нашудааст.

Чанд сол пеш баъди ҳамвор кардани қуббаи масҷиде воқеъ дар маҳаллаи Ҳазрати Мавлоно, маҳаллаи наздик ба 9-ум километри шаҳри Душанбе, ба сокинон гуфта шуд, ин тасмим далелҳои амниятӣ дорад. Чун ҷинояткорон метавонанд, гунбадҳоро ба ҳайси "камингоҳ" барои нишон гирифтан истифода кунанд.

Вале баъзе аз коршиносон мегӯянд, тасмими ҳамвор кардани гунбадҳои масҷид дар Норак "идомаи барномаи камранг кардани нақши дину мазҳаб дар Тоҷикистон аст". Дар даҳ соли гузашта садҳо масҷиди аз назари мақомот ғайриқонунӣ баста ё вайрон карда шуданд ва ё ба мактабу чойхона табдил ёфтанд.

Масҷиди ҷомеъ дар деҳаи Даҳанаи Норак
Масҷиди ҷомеъ дар деҳаи Даҳанаи Норак

Дар муқаррароти марбут ба фаъолияти масҷидҳои дорои ҳаққи расмии фаъолият ҳам таҳрир ворид шуд. Аз ҷумла, хондани азон бо истифода аз баландгӯҳо манъ ва ба ҳама масҷидҳо дурбинҳои назоратӣ насб шуд.

Талаботи меъморӣ ё маҳдуд кардани озодӣ?

Мунтақидон ин тасмимҳоро ҳамчун талоши маҳдуд кардани озодиҳои динии шаҳрвандон интиқод мекунанд. Вале Фаридун Ҳодизода, муҳаққиқи масоили динӣ дар Тоҷикистон, ба ин бовар аст, ки мақомот на танҳо ҷараёни сохтмони биноҳои маъмуриву маишӣ, балки муассисаҳои диниро ҳам мутобиқ ба талаботи меъморӣ танзим мекунанд

Ӯ гуфт, "фикр мекунам, дар ин масъала имом-хатиб ҳам масъул аст. Мебоист ба мақомот хабар медод, ки дар масҷид гунбаду манора ҳам бардошта мешавад. Вай бо мақомот тарҳи сохтмони масҷидро ҳамоҳанг мекард."

Шаҳри Норак
Шаҳри Норак

Сокинони деҳаи Даҳанаи Норак, ки масҷид дар баландии ин деҳа ҷойгир аст, мегӯянд, ҷараёни тахриби гунбадҳоро назорат карданд, вале на сохтмончиён ва на каси дигар дар бораи сабабҳои тасмим чизе нагуфтанд. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ мақомот ин фарзияро рад карданд, ки тахриби гунбадҳои масҷиди ҷомеъ ба ҷашни расмии Наврӯзи имсола ва сафари раиси ҷумҳур ба Норак рабт мегирад.

Ба иттилои бахши дини Норак, феълан дар ҳудуди шаҳр беш аз панҷоҳ масҷиди ҷомеъву панҷвақта расман фаъол аст.

XS
SM
MD
LG