Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Миллион то Соли нав" ва марзи танз. ВИДЕО


"Миллион то Соли нав", нахустин филми мазҳакавии телевизиони "Азия" дар толорҳои синамо дар Хуҷанд ба намоиш даромад ва аз сӯи тамошобини маҳаллӣ гарм пазируфта шуд. Нахустнамоиши он дар Хуҷанду Душанбе баргузор гардид.

Аъзамхон Акбаров, продюсери ин филм ва мудири ширкати телевизионии "Азия" мегӯяд, офарандаи он гурӯҳи ҳаҷвии барномаи "Территория юмора" ("Қаламрави танз")-и назди телевизиони "Азия" аст. Ин гурӯҳ бо саҳнаҳои ҳаҷвии ҳамномаш ва қабл аз он бо ҳунарнамоиҳояш дар сабқатҳои КВН дар Маскав, шӯҳрат дорад.

Сокиноне, ки филмро тамошо кардаанд, мегӯянд, аз ҳама бештар аз он хушашон омад, ки ин филм барои тамошо дар ҳалқаи оилавӣ мувофиқ мебошад.

Аъзамхон Акбаров афзуд, таҳаммули ҳаҷву танз нишонаи пешрафт ва интеллекти баланди ҷомеа аст ва тавассути танзу мутоиба метавон камбудиҳо ва нуқсонҳои ҷомеаро нишон дод. Ба гуфтаи ӯ, дар филми онҳо нобаробарии иҷтимоӣ дар ҷомеа ва ба одамони оддӣ назарбаландона нигаристани сарватмандон бозтоб ёфтааст. Аъзамхон Акбаров мегӯяд, аммо ин ба ягон кас сахт нарасидааст ва ҳатто шахсони сарватманд ҳам ба назди онҳо омада ва гуфтанд, ки филм ба онҳо писанд омада ва хеле хуб ба навор гирифта шудааст.

Филми мазҳакавии "Миллион то Соли нав" аз саргузашти пеш аз солинавии ду дилдода - Дилноза ва Шерзод қисса мекунад. Падари Дилноза - "Ҷамил Тахирович" дар назди Шероз шарт мегузорад, ки барои хонадор шудан бо духтараш 1 миллион сомонӣ дошта бошад ва дафтарчаи бонкиашро ба ӯ нишон диҳад. То фарорасии Соли нав ду ҳафта мондаааст ва домоди бечора ин қадар маблағи бузургро ҳатто дар хобаш ҳам надидааст.

"Миллион то Соли нав" ва марзи ҳаҷв
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00

Аммо "дунё ба умед", ӯ бо кӯмаки дӯстонаш аз пайи дарёфти миллион мешавад ва лаҳзаҳои ҷолибу хандаовареро аз сар мегузаронад ... Дар анҷоми филм ҳам маълум мешавад, ки "Ҷамил Тахирович", намояндаи насли "тоҷикони нав" низ инсони баде набудааст. Чун ӯ шарти дороиро дар назди шавҳари ояндаи духтараш танҳо ба хотири имтиҳони ӯ гузоштааст, то аз соҳибкасбиву кордонии ӯ ва зиндагии ояндаи духтараш бо ӯ, дилпур бошад. Зимнан, нахустнамоиши ин филм шаби фарорасии Соли нав тавассути шабакаи телевизиони хусусии "Азия" тақдим гардид.

Аъзамхон Акбаров мегӯяд, то ҳадди мумкин аз зиндагии ҷомеаи имрӯза гирифтани саҳнаҳо, хатти машши асосӣ созандагони филми "Миллион то Соли нав " будааст. Ба қавли ӯ, мардум низ чизеро қабул мекунад ва механдад, ки аз зиндагии воқеии ҳаррӯзааш бошад.

Сокиноне, ки филми "Миллион то соли нав"-ро тамошо кардаанд, мегӯянд, аз ҳама бештар аз он хушашон омад, ки ин филм барои тамошо дар ҳалқаи оилавӣ, ҳамроҳи фарзандон, маҳфилҳои дӯстону пайвандон мувофиқ мебошад.

Гулнора, як сокини Хуҷанд дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мутаассифона, ин гуна филмҳои мазҳакавӣ ва дилхушкунанда аз зиндагии ҷомеаи худӣ ба забони тоҷикӣ ангуштшуморанд.

Танз ва ҳаҷву мутоиба ҷои худро дар саҳнаҳои театру синамои тоҷик холӣ кардааст. Театри ҳаҷву мазҳакаи "Оина" -и Убайдулло Раҷабов, ки солҳои аввали таъсисаш байни мардум шӯҳрати зиёд пайдо карда буд, ҳоло дигар хомӯш аст.

Аъзамхон Акбаров.
Аъзамхон Акбаров.

"Шӯхиҳои Алоуддин", "Лаҳзаҳои гуворо", "Территория юмора", "Қаламрави танз", "Ғарибшо - компания", "Хандинкамон" аз шумори барномаҳоеанд, ки ҳунарварони номвари онҳо ҳазлу шухӣ ва ҳаҷву мутоибаро дар саҳнаҳои ҳунарии Тоҷикистон нигоҳ медоранд. Ҳарчанд саҳначаҳои ҳаҷвии онҳо низ сол то сол "безарар"-тар мегарданд ва бар пояи гапу суханҳо ва ҳолатҳои хандаовари одамон сохта мешаванд.

Бархе инро нишонаи таҳаммулнопазирии ҷомеаи кишвар ба камтарин интиқод аз камбудиҳои ҷомеаву мансабдорони беном ҳатто дар қолаби ҳазлу шухӣ ва бархе ҳам паёмади рукуди ҳунари филмсозии тоҷик ва ба хусус офаридани филмҳои мазҳакавӣ медонанд.

Дар даврони истиқлолияти Тоҷикистон ҳатто як филми мазҳакавии аз нигоҳи маъниву ҳунарӣ баланд ва ҷолибу диданӣ офарида нашуд. Дар чунин вазъ созандагони филми "Миллион то Соли нав" талошҳои худро гоме дар офаридани филми мазҳакавӣ ба хотири пур кардани холигоҳи танзу ҳаҷв дар ҳунари филмсозии тоҷик меноманд.

Ин филми 2-соатӣ, ки саргузашти ду дилдода дар ду ҳафтаи қабл аз Соли навро фаро мегирад, дар тӯли камтар аз 1 моҳи поёни соли 2018 ба навор гирифта ва таҳия шудааст. Филмномаро низ дар оғози кор дастҷамъона навиштаанд.

Аъзамхон Акбаров, продюсери филми "Миллион то Соли нав" гуфт, ин таҷрибаи аввали онҳост ва бо хурсандӣ иброз дошт, ки ҳоло насли ҷавон ба саҳнаи филофарӣ роҳ меёбанд ва аз ҷумла аз Муҳиддини Музаффар, Набиҷон Пирматов ва дигарон аз филми "Хушдоманҳо" ном бурд.

Ӯ афзуд, истиқболи гарми сокинон аз филми "Миллион то Соли нав" ба гурӯҳи "Территория юмора" болу пар ва илҳоми тоза бахшид. Ҳоло онҳо ба сохтани филми дуюми худ оғоз кардаанд. Филме, ки ҳоло мӯҳтавояшро пинҳон медоранд, аммо аниқ аст, ки он низ мазҳакавӣ хоҳад буд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG