Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Қазоқистон раҳбари иттиҳодияи "Атажурт"-ро боздошт кард


Серикҷон Билаш
Серикҷон Билаш

Маъмурони пулиси Алмато шаби 10 март раҳбари иттиҳодияи "Атажурт" Серикҷон Билашро дар яке аз меҳмонсароҳои шаҳр дастгир карданд. Намояндаи иттиҳодия Кайрат Байтолла гуфт, Билаш феълан дар Департаменти пулиси Алмато аст.

Ба гуфтаи Байтолла, онҳо рӯзи шанбе пас аз он ки маълум шуд, афроде раҳбари "Атажурт"-ро таъқиб доранд, аз Билаш хостанд, ба далели амниятӣ шаб дар меҳмонсарой бимонад. Вале нимашаб 10-15 одам бо либоси мулкӣ вориди меҳмонсарой шуда, ӯро дастгир кардаанд.

"Билаш субҳ аз Департаменти пулиси Алмато занг зада гуфт, ки алайҳи ӯ нафаре дар робита ба суханронияш дар ҷаласаи иттиҳодияи фарҳангии тоториву озарӣ шикоят кардааст. Ӯро дар асоси ин шикоят ва бидуни қарори додситонӣ дастгир кардаанд", - афзуд Кайрат Байтолла.

Дар Департаменти пулиси Алмато тасдиқ карданд, ки Серикҷон Билаш рӯзи 10 марти соли равон бо гумони "ангехтани бадбинии иҷтимоӣ ва миллӣ" дастгир шудааст ва тафтишот идома дорад.

Додгоҳи Алмато ибтидои моҳи феврал Серикҷон Билашро ба "роҳбарӣ ва ширкат дар фаъолияти созмони сабтиномнашуда" айбдор эълом ва 252 ҳазор танга (ҳудуди 670 доллар) ҷарима кард.

Иттиҳодияи ҷамъиятии "Атажурт" аз баҳори соли 2017 дар Қазоқистон фаъолият мекунад. Ин созмон аз ҳуқуқи қазоқтабороне ҳимоят мекунад, ки дар Чин таъқиб мешаванд.

XS
SM
MD
LG