Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути ҳавопаймо дар Эфиопия 157 кушта бар ҷой гузошт


Ҳавопаймои мусофирбари "Боинг-737", ки аз шаҳри Аддис-Абеба ба пойтахти Кения - Найробӣ парвоз мекард, субҳи рӯзи якшанбе дар Эфиопия суқут кард. Аз 149 мусофир ва 8 узви экипаж касе зинда намондааст.

Бино ба маълумоти ахир, дар миёни қурбониёни ҳавопаймои ширкати Ethiopian Airlines шаҳрвандони 33 кишвар, аз ҷумла Русия, ИМА, Канада, Итолиё, Фаронса ва Бритониё низ ҳастанд.

Дар ҳоли ҳозир сабабҳои ҳодиса пажуҳиш мешаванд. Бино бар иттилои сомонаи Flightradar24, ҳавопаймо баъди шаш дақиқаи парвоз аз фурудгоҳи Аддис-Абеба аз экрани радар нопадид гаштааст.

Дар изҳороти ширкати Ethiopian Airlines омадааст, ки ҳавопаймо дар наздикии вулқони Бишофту суқут кард.

Нахуствазири Эфиопия ба хонаводаи қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард.

XS
SM
MD
LG