Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Шветсия шаҳрванди Узбекистонро бо ҷурми терроризм зиндонӣ кард


Фарҳод Тошмуҳаммадов
Фарҳод Тошмуҳаммадов

Додгоҳе дар Шветсия Давид Идриссон (Фарҳод Тошмуҳаммадов), шаҳрванди 47-солаи Узбекистонро барои омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ дар ин кишвар ҳафт сол аз озодӣ маҳрум кард.

Мақомот гуфтанд, ҳамла бояд аз номи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" анҷом мешуд ва онҳо аз ин ҳамла пешгирӣ карданд.

Расонаҳои Шветсия рӯзи 9-уми март аз қавли мақомот гуфтанд, аз Давид Идриссон маводи кимиёӣ дарёфт шудааст, ки метавонист дар таҳияи бомба ба кор равад. Ӯ баъди адои давраи ҷазо умрбод аз Шветсия ихроҷ хоҳад шуд.

Фарҳод Тошмуҳаммадов соли 2008 баъди кӯчидан ба Шветсия номашро ба Давид Идриссон тағйир дод. Ӯ дар ин кишвар паноҳанда буд.

Муҳокимаи панҷ узбекистонӣ ва як шаҳрванди Қирғизистон моҳи январи имсол дар Стокҳолм оғоз ёфт. Ин афрод дар омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ дар Шветсия ва сармоягузории гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" гумонбар шудаанд.

Дар изҳороти Додситонии Шветсия гуфта шудааст, "се нафар аз муттаҳамон маводи кимиёӣ ва таҷҳизоти дигарро дастрас карда буданд, то одамони бисёрро бикушанд ва захмӣ кунанд. Агар ин ҳамла сурат мегирифт, ба Шветсия зарари зиёд мерасид."

Вале боздоштшудаҳо иттиҳомро рад кардаанд.

XS
SM
MD
LG