Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Голи Шериддин ба мунтахаби Тоҷикистон дар Дубай пирӯзӣ овард


Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, дар бозии аввали дӯстона бар ҳамсолони худ аз Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Бозӣ рӯзи 8-уми март дар Дубай, дар варзишгоҳи «Махтум Бин Рашид Ал-Махтум», сурат гирифт. Голи ягонаро ҳамлагар Шериддин Бобоев дар дақиқаи 18-ум ба самар расонд. Дар дақиқаи 77-ум дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Шоҳрух Қирғизбоев тӯби аз пеналтӣ задаи бозигари рақибро баргардонд.

Бозии ҷавобӣ миёни дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб имрӯз, 11-уми март, дар Дубай баргузор мешавад.

Ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай марҳилаи охирини омодагии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2020, ки аз 22-юм то 26-уми март дар Тошканд доир мегардад, маҳсуб мешавад.

Дастаи мунтахаби олимпии Покистон (U-23) аз ширкат дар марҳилаи интихобӣ даст кашид. Бинобар ин, Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) дар тақвими бозиҳои гурӯҳи «F», ки ҳамакнун се даста – Узбекистон, Тоҷикистон ва Ҳиндустон - иштирок мекунад, тағйирот ворид намуд.

Сабқати интихобӣ дар ин гурӯҳ 22-юми март бо бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Ҳиндустон оғоз меёбад. Дар даври дувум 24-уми март дастаҳои Тоҷикистону Ҳиндустон рӯбарӯ мешаванд. Дар даври охирин 26-уми март футболбозони ҷавони Узбекистон ва Тоҷикистон бо ҳам рақобат мекунанд. Ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Тошканд доир мегарданд.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони ёздаҳ гурӯҳ, инчунин чор дастаи натиҷаҳояш хубтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 8-ум то 26-уми январи соли 2020 дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ пайдо мекунанд.

Агар мизбони мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 - мунтахаби Тайланд – дар сабқати интихобӣ дар гурӯҳи худ мақоми аввалро касб намояд (ё дар байни чор дастаи аз рӯи натиҷаҳояш хубтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо ҷойгир шавад), онгоҳ дастаи панҷуми ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳхат мегирад.

Бояд гуфт, ки се дастаи беҳтарини мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонони зери 23-сола соҳибони роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио мешаванд.

Бозиҳои дӯстона

Имороти Муттаҳидаи Араб (U-23) – Тоҷикистон (U-23) – 0:1

Гол: Шериддин Бобоев, 18.

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Табрези Давлатмир, Алишер Баротов, Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров, Кароматулло Саидов, Далер Ёдгоров (Шервонӣ Мабатшоев, 87), Муҳаммадҷон Раҳимов (Отабек Каримов, 66), Шарафҷон Солеҳов, Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев (Амирҷон Сафаров, 90).

8 март. Дубай. Варзишгоҳи «Махтум Бин Рашид Ал-Махтум». 50 тамошобин.

11 март (душанбе)

Оғози бозӣсоати 18:40 ба вақти Душанбе

Имороти Муттаҳидаи Араб (U-23) – Тоҷикистон (U-23)

Дубай, варзишгоҳи «Махтум Бин Рашид Ал-Махтум»

XS
SM
MD
LG