Институти байналмилалии пажӯҳишҳои сулҳи Стонкголм (SIPRI) мегӯяд, дар як даҳсолаи ахир воридоти аслиҳа ва таҷҳизоти низомӣ аз сӯи кишварҳои Ховари Миёна 87 дарсад афзоиш ёфтааст. Бар пояи ин пажӯҳиш, Амрико бузургтарин фурӯшандаи аслиҳа дар ҷаҳон ба шумор меравад.
Бино ба гузориши SIPRI аз рӯзи 11-уми март, содироти аслиҳа дар ду давра - байни солҳои 2009-2013 ва 2014-2018, дар маҷмӯъ 87 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар ҳамин давра воридоти таҷҳизоти низомӣ ба қораи Амрико, Аврупо, Шарқи Осиё ва Африқо коҳиш ёфтааст. Дар панҷ соли гузашта кишварҳои Осиё ва Ховари Миёна муҳимтарин дарёфткунандагони таҷҳизоти низомӣ будаанд.
Дар як гузориши SIPRI аз моҳи декабри соли 2018 гуфта шуда буд, ки ширкатҳои амрикоӣ дар соли 2017 ба миқдори 222,6 миллиард доллар ва ширкатҳои Русия 37,7 миллиард доллар аслиҳа содир кардаанд.
SIPRI мегӯяд, байни солҳои 2014 то 2018 содироти аслиҳаи амрикоӣ 36 дарсад афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи Институти байналмилалии пажӯҳишҳои сулҳ (SIPRI), 52 дарсади содироти аслиҳаи Амрико ба Ховари Миёна рост меояд.
Арабистони Саудӣ дар садри панҷ кишвари аслии воридкунандаи таҷҳизоти низомӣ қарор дорад ва муштарии аввали таҷҳизоти низомии Амрико аст. Имороти Муттаҳидаи Араб низ дар ҷойгоҳи савуми муштариёни таҷҳизоти низомӣ аз Амрико аст. Ҳинд, Миср, Австралия ва Алҷазоир дигар харидорони аслии таҷҳизоти низомӣ будаанд. Ҳинд муштарии аввали таҷҳизоти низомии Русияву Исроил ва Миср муштарии аввали аслиҳаи Фаронса ҳастанд.
Арабистони Саудӣ дар айни ҳол муҳимтарин муштарии таҷҳизоти низомӣ аз Бритониё, Шведсия, Швейтсария ва Канада аст. Дар панҷ соли гузашта Имороти Муттаҳидаи Араб муҳимтарин муштарии таҷҳизоти низомӣ аз Туркия буд, дар ҳоле, ки содироти аслиҳа аз Туркия ба Арабистони Саудӣ низ дар ҳамин давра10 дарсад афзоиш ёфтааст.
SIPRI аз ҷумла сабабҳои афзоиши харидории таҷҳизоти низомӣ аз сӯи бархе кишварҳои арабии Ховари Миёнаро танишҳо байни ин кишварҳо ва Эрон, ҷанг дар Яман ва бӯҳрон байни Қатар ва муттаҳидони Риёз арзёбӣ кардааст.
Ауде Флеурант, мудири SIPRI мегӯяд, таҷҳизоти низомии Амрико дар панҷ соли гузашта дар умум ба 97 кишвари ҷаҳон содир шудаанд. Ин аслиҳаи содиршуда дар маҷмӯъ ҳавопаймоҳои ҷангӣ, мушакҳои кӯтоҳпарвоз ва миёнапарвоз ва миқдори зиёди бомбаҳо будаанд.
Русия ҳамчунин мақоми дувуми худ дар миёни бузургтарин фурӯшандагони таҷҳизоти низомиро ҳифз кардааст. SIPRI мегӯяд, содироти таҷҳизоти низомии Амрико дар байни солҳои 2014-2018 "75 дарсад бештар аз Русия буд, дар ҳоле, ки дар байни солҳои 2009-2013 ин фарқ танҳо 12 дарсад буд".
Фурӯши аслиҳаи русӣ низ дар муқоиса ба ду давраи гузашта (2009-2013 ва2014-2018) 17 дарсад коҳиш доштааст. Сабаби аслии он, камтар шудани тақозои харидории аслиҳа аз сӯи Ҳинд ва Венесуэла гуфта шудааст.
Фаронса, Олмон ва Чин дар ҷойгоҳи савум то панҷум қарор доранд. Амрико, Русия, Фаронса, Олмон ва Чин фурӯшандаи дар маҷмӯъ 75 дарсади таҷҳизоти низомӣ дар ҷаҳон будаанд.
Дар як гузориши SIPRI аз моҳи декабри соли 2018 гуфта шуда буд, ки ширкатҳои амрикоӣ дар соли 2017 ба миқдори 222,6 миллиард доллар ва ширкатҳои Русия 37,7 миллиард доллар аслиҳа содир кардаанд.
менталитети Сангакию Файзалиги то хол дар тамоми органхо хукмфармо аст - дар милиса, амният, прокуратура е артиш - хама ба хамин метод кор мекунан!
Воҳимаи бисёр кардед, оғо! Аз номи 10 млн нафар гап задед.
Ичрои дастури пешвои исмоилиёни ҷаҳон Имоми Замон Шохзода Карим барои хар як пайраваш амри вокеи мебошад. Тамоми Исмоилихои чахон, ки дар давлатхои гуногун Чамоати худро доранд аз чумлаи, Хиндустон, Покистон, Африкои шимоли ва Канадаю Аврупо нихоят тахаммулпазир ва созандаю эчодкор мебошанд. Мардуми Бадахшон бояд намунаи ибрати хамаи Исмоилихо Чахон ва ифтихори Точикистон бошанд. Хатто ман имони комил дорам, ки Имоми Замон аз ин амалхои пайравонаш дар Бадахшон сахт гамгин аст. Шумо ба фитнаю дасисаи игвогарон аз беруни кишвар ва як гурухи АВБОШОН дар байни Чамоат дар дохил, ки душманони миллати Точик хастанд, дода нашавед. Зинда бод вахдати Точик. Тинчи, сулху осоишта ва саломати ба хар як хонадони Точик. Сабрро пеша кунетон ва дар доираи Конунхои Чумхурии Точикистон кор ва зиндаги кунетон.
Офарин Оқои Оғохон, раҳмати беандоза ба Шумо барои ин суханҳои некатон. Воқеан Ҳакимед! Зинда бошед, тансиҳат бошед! Ҳамин тазоҳуротчиёнро ором кунед, мо дар ин вазъияти душвор дар дунё аз чунин тазоҳуротҳо безорем. Ба мо имкону шароити меҳнат, заҳмат кардан зарур, на пақ пақу "озодии баён"
Зеварбону ман 24-сол дар Тоҷикистон будам. Ҳар як фарди тоҷикистониро аз зери заррабин гузарондам. Ҳеч кас дар фикри зиндагӣ кардан нест, ҳама дар фикри зинда мондананд. Магар президент ҳамин шабу рӯз зиндагӣ мекунад ё зинда мемонад? Агар зиндагӣ мекунад, пас чаро муҳофизи бешумор атрофаш, мошинҳои зиреҳпӯши олмонӣ бо суръати ҳавопаймо дар кӯчаҳои шаҳру навоҳие ки сулҳу ваҳдаташро худ асос гузоштааст, чаро? Маълум аст, ки талоши зинда мондан дорад. Танҳо касоне, ки нишони озодӣ дар онҳо дида мешавад ва мехоҳанд ба ҷойи зинда мондан зиндагӣ кунанд, сокинони шарафманди Бадахшон, хоссатан шаҳри Хоруғ мебошанд. Бедормарде, ки хоби “мардак”-еро халалдор кардааст, Бадахшон аст! Ҷавҳар Дудаев: “Свобода вещь слишком дорогая чтобы попытаться ее достичь дешевой ценой”.