Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути ҳавопаймои Эфиопия бо 157 нафар дар роҳ ба Найроби


Як ҳавопаймои мусофирбари Эфиопия дар роҳ ба сӯи Найроби, пойтахти Кения, суқут кард. Дар ширкати ҳавопаймоии Эфиопия гуфтанд, ки "Боинг 737" 149 мусофир ва 8 сарнишин дошт. Дар миёни онҳо се шаҳрванди Русия ва як шаҳрванди Сербистон будаанд.

Хабаргузори "Рейтерс" гуфт, ки дар натиҷаи садама касе зинда намондааст.

Ҳодиса рӯзи 10-уми март дар наздикии шаҳри Бишофту ва пас аз шаш дақиқаи парвоз аз пойтахти Эфиопия, шаҳри Аддис Абаба, иттифоқ афтодааст.

Қаблан сухангӯи ширкати ҳавопаймоии Эфиопия гуфта буд, корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот оғоз шудааст. Иллатҳои суқути ҳавопаймо ҳанӯз маълум нест.

Нахуствазири Эфиопия ба хонаводаи қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард.

XS
SM
MD
LG