Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сирри дохилӣ". Розҳои пинҳони "урдугоҳҳои бозтарбия" дар Чин. ВИДЕО


Аз филми мустанади "Сирри дохилии Чин"

Хабарнигорони бахши русии Радиои Озодӣ Константин Саломатин ва Юлия Вишневетская дар бораи "урдугоҳҳои бозтарбияи сиёсӣ" дар Чин филми мустанад гирифтаанд. Дар "Сирри дохилии Чин" гуфта мешавад, ҳукумати ин кишвар аз ҷудоиталабӣ дар Шинҷон хавф дорад ва ба ҳамин хотир ақаллиятҳои миллиро, ба мисли ӯйғурҳову қазоқҳо, қирғизҳо ва муғулуҳо, таҳти фишор қарор додааст. Ин филми тақрибан 12-дақиқаӣ рӯзи 9-уми март нашр шуд.

Дар як ҳуҷра мехуфтем, хӯрок мехӯрдем ва қазои ҳоҷат мекардем. Дурбини назоратӣ низ дар ҳамон ҷо буд.

Муаллифони филм мегӯянд, мақомоти Чин аз намояндагони ақаллиятҳои миллӣ талаб доранд, ки аз забони модарӣ ва дини худ даст кашида, шомили "як оила шаванд".

"Онҳоеро, ки барои мисол бо Қазоқистон робита доранд, "соҳиби ду дил" меноманд ва барои тарбия ба урдугоҳҳо мефиристанд", - мегӯянд муаллифони "Сирри дохилии Чин".

Дар ин филм гуфта шудааст, дар "урдугоҳҳои бозтарбия" дар бораи ҳизби коммунисти Чин маърӯза хонда ва "муҳассилон"-ро ба иҷрои таронаҳои ватандӯстона ва суҳбат бо забони хитоӣ маҷбур мекунанд. Наздикони баъзе ин афрод дар Қазоқистон зиндагӣ мекунанд ва мегӯянд, моҳҳо боз дар бораи сарнавишти онҳо иттилоъ надоранд.

Оринбек Коксебек қазоқ аст ва шаҳрвандии Чинро дорад. Ӯ панҷ моҳ дар "урдугоҳҳои бозтарбияи сиёсӣ" дар он кишвар буд. Коксебек дар филми "Сирри дохилии Чин" гуфтааст, ҳар чизе дар онҷо гузашт, аз хотирааш зудуда намешавад.

"Агар бо якдигар гап мезадем, моро дар утоқи сард ва хеле танг ҷойгир мекарданд. Онҷо хеле сард ва даҳшатнок буд", - ба ёд меорад ӯ.

Оринбек Коксебек ҳоло дар Қазоқистон аст ва мегӯяд, бо ёрӣ ва машварати ҳамроҳонаш кӯшиш мекард, таронаҳоро аз худ кунад, вагарна ҳафт рӯз аз хӯрок маҳрум мемонд. Ӯ нақл кардааст, ки "маро дар ошёнаи дувуми урдугоҳ ҷойгир карданд. Дар онҷо нӯҳ нафар буд ва ҳамаи онҳо бо забони чинӣ гап мезаданд ва касе қазоқиро намедонист. Дар он муҳит худро мисли гунг эҳсос мекардам."

Аз филми "Сирри дохилии Чин"
Аз филми "Сирри дохилии Чин"

Коксебек мегӯяд, як дафъа кӯшиши худкушӣ кард, вале наҷоташ доданд. Ӯ гуфтааст, дар ҳар гӯшаи урдугоҳ дурбинҳои назоратӣ ё дастгоҳи садошунавӣ гузошта шудааст ва ҳеч ҳаракат ё суҳбат аз назару гӯши маъмурони урдугоҳҳо пинҳон намемонад.

Як донишҷӯ баъди рафтан аз Қазоқистон ба Чин ба шашуним моҳ ба "урдугоҳҳои бозтарбия" бурда шудааст. Ӯ вазъияти урдугоҳ, бахусус ҳуҷраи занонро дар коғаз тасвир кардааст, вале мехоҳад номаш пинҳон монад.

Ин донишҷӯ дар филми "Сирри дохилии Чин" мегӯяд, "ба пулис дод задам, ки чаро дастгир кардед ва ман чӣ гуна дар Қазоқистон ба таҳсил идома медиҳам? Онҳо дар ҷавоб гуфтанд, ки дар Чин ҳастӣ ва бояд ба мо итоат кунӣ. Яъне, ту бояд бо арзишҳои чинӣ фикр кунӣ ва бо чашми чинӣ ба дунё нигарӣ. Ва ҳаргиз дар бораи таҳсил дар хориҷ маяндеш. Онҳо таҳдид карданд, ки агар ба гапашон гӯш накунам, аз электрошок истифода мекунанд."

Ба нақли ин духтар, ӯро дар ҳуҷрае ҷой карданд, ки дар онҷо беш аз бист нафар нигоҳдорӣ мешуд.

Аз филми "Сирри дохилии Чин"
Аз филми "Сирри дохилии Чин"

"Дар як ҳуҷра мехуфтем, хӯрок мехӯрдем ва қазои ҳоҷат мекардем. Дурбини назоратӣ низ дар ҳамон ҷо буд. Дини ислом ва гуфтани "Аллоҳу акбар" ва "бисмиллоҳ" манъ аст ва намоз набояд хонӣ. Ҳангоми хӯрокхӯрӣ бо забони хитоӣ мегуфтем, ки "Си Ҷинпин, зинда бошӣ, даҳ ҳазор сол бошӣ". Ҳар рӯз такрор мекардем, ки Чин хеле нерӯманд ва дар бахши тиҷорату иқтисод кишвари рақами як аст. Якуним миллиард аҳолӣ дорад ва ҳамаи онҳо хушу хуррам зиндагӣ доранд", - афзудааст ӯ.

Мурали Гулден 13-сола аст ва ҳамроҳи падараш дар Қазоқистон зиндагӣ мекунад. Модари ӯро моҳи ноябри соли 2017 дар Чин дастгир кардаанд ва беш аз як сол боз натанҳо ӯро надиданд, балки дар бораи дар куҷо будан ва чӣ ҳол доштанаш чизе намедонанд.

Мурали Гулден бо падараш
Мурали Гулден бо падараш

Туран Тилеубайкизи аз Қазоқистон низ шикоят дорад, ки шавҳару хоҳарашро дар Чин дастгир кардаанд ва сарнавишти онҳо маълум нест.

Боздошти мусулмонон ва ақаллиятҳои миллӣ дар Чин дар як соли охир боис ба эътирозҳо дар баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд. Мардум дар Қазоқистону Қирғизистон талаб мекарданд, ки ҳамқавмҳову наздиконашонро аз урдугоҳҳо раҳо намуда, имкон диҳанд, ки Чинро тарк кунанд.

Аммо Чин пайаста таъқибу боздоштҳои дастҷамъии мусалмонҳо ва ақаллиятҳои миллиро рад кардааст. Мақомот Чин “урдугоҳҳо”-ро “муассисаи таълимӣ ва омӯзиши касб” меноманд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG