Пайвандҳои дастрасӣ

Рақсу сурудхонии мусулмонон дар “урдугоҳҳои бозтарбия”-и Чин. ВИДЕО


Чин барои дифоъ аз амалкардҳои худ дар вилояти Шинҷон маъракаеро пеш гирифтааст. Ҳукумати ин кишвар дар посух ба танқидҳои пайвастаи байналмилалӣ сафари баъзе аз дипломатҳоро ба се "урдугоҳи бозтарбия" ташкил кард.

  • Чин мехоҳад, бо намоиши саҳнаи рақсу сурудхонӣ дар "урдугоҳҳои бозтарбия" ба аҳли олам нишон диҳад, ки муомилааш бо мусулмонони вилояти Шинҷон башардӯстона аст ва хабарҳо дар бораи боздоштҳои дастҷамъӣ ва таъқиби мусулмонон овозае беш нест. Дар "урдугоҳҳои бозтарбия" зоҳиран омӯзандагон бо гузаштаашон худоҳофизӣ кардаанд.
Ҳуҷраҳо серодам аст. Дар ҳар кат дунафарӣ мехобидем. Ҳоҷатхона дар маркази ҳуҷра қарор дошт. Бисёриҳо бемор мешуданд. Агар қонунеро вайрон мекардем, барои 24 соат дар уотқи торик ҷой медоданд.

"Мавъизаи имоми ғайриқонуниро гӯш кардам"

Як зани 22-сола дар "урдугоҳҳои бозтарбия" ба хабарнигори Рейтерс гуфтааст, "полис дар суҳбат бо ман хотирнишон кард, ки хилофи қонун амал кардаам. Машварат дод, ки дар мактаб омӯзиш гирам. Баъди машварат бо аҳли оила бо хоҳиши худ ба ин ҷо омадам."

Ин зан дар посух ба суоли онки чӣ гуноҳ кард, то ба ин урдугоҳ биоранд, гуфт, "ба мавъизаи як имоми ғайриқонунӣ гӯш медодам ва дар натиҷа дар зеҳнам афкори ифротӣ пайдо шуд, ки мухолифи қонун будааст."

Мақомот ин гуна муассисаҳоро урдугоҳи таълим ва омӯзиши касб меноманд. Дар он муҳассилин метавонанд дониши забони чинии мандаринӣ, малакаи корӣ ва ҳатто рақс омӯзанд. Муассиса девори баланд дорад, вале хабарнигори Рейтерс навиштааст, ки назорати он шадид нест.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Рақсу сурудхонии маҷбурии мусулмонон дар "урдугоҳҳои бозтарбия"-и Чин
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:08 0:00

Нақли бошандаҳои собиқи урдугоҳи бозтарбия

Дар як муассисаи дигаре, ки Рейтерс соли 2018 дида буд, назорат хеле қавӣ буд. Ҳомиёни ҳуқуқ ин муассисаро яке аз 12 урдугоҳи таълими дубораи афроди аз назари сиёсӣ номустаҳкам арзёбӣ мекунанд.

Ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, дар ин қабил муассисаҳо то як миллион уйғур, қазоқу қирғиз ва дигарон тӯли солҳо боздошт шудаанд ва ба гуфти боздоштшудаҳои собиқ онҳоро дар урдугоҳҳо шиканҷа мекунанд.

Қайрат Самарқан, собиқ бошандаи урудугоҳи бозтарбияи Чин гуфт, "ду сарбоз дастонамро тавре тоб доданд, ки тамоми баданам азият дид. Сипас, маро ба ҷои дигар бурда, дар қафаси оҳанин тавре гузоштанд, ки шишта натавонам ва рост биистам."

Як зани 31-солаи қазоқ мегӯяд, ҳашт моҳро дар урдугоҳи тарбияи дубора дар Чин сипарӣ кардааст.

"Одам 24 соат рост меистад"

"Дар он ҷо тахминан 700-800 нафар ва асосан занҳо буданд. Ҳуҷраҳо серодам аст. Дар ҳар кат дунафарӣ мехобидем. Ҳоҷатхона дар маркази ҳуҷра қарор дошт. Бисёриҳо бемор мешуданд. Агар қонунеро вайрон мекардем, барои 24 соат дар уотқи торик ҷой медоданд. Ду зан аз ҳуҷраи мо барои хоидани сақич чунин ҷазоро пушти сар карда буданд. Дар он утоқ ҷойи нишаст ва ё хобидан нест. Одам 24 соат рост меистад", - нақл кард ӯ.

Боздошти мусулмонон дар Чин боис ба эътирозҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд. Мардум талаб мекарданд, ки ҳамқавмҳову наздиконашонро аз урдугоҳҳо раҳо намуда, имкон диҳанд, ки Чинро тарк кунанд. Аммо Чин пайаста таъқибу боздоштҳои дастҷамъии мусалмонҳоро рад кардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG