Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мегӯяд, аз ҷомадони як дипломати амрикоӣ "гулӯлаи хумпора" ёфтанд


Фурудгоҳи Шереметево
Фурудгоҳи Шереметево

Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, аз ҷомадони як дипломати амрикоӣ дар фурудгоҳи Шереметево "гулӯлаи хумпора" кашф ва мусодира шудааст, ки "борут надошт". Дар ин бора хабаргузории давлатии ТАСС рӯзи 9-уми март иттилоъ дод.

Вазорати умури хориҷии Русия ҳодисаро "тавтеа" номидааст.

Ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки таниш миёни ду кишвар дар моҳҳои ахир афзоиш ёфтааст. Амрико бо иттиҳоми онки Русия паймони манъи мушакҳои миёнаву дурпарвозро нақз мекунад, аз ин созиш берун шуд.

Дар вокуниш ба ин, Маскав низ аз паймони имзошуда дар соли 1987 хориҷ гардид ва дар ин кор Амрикоро муттаҳам кард.

Як манбаъ дар Вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, ки “сафорати Амрико билофосила дар бораи ҳодисаи рӯзи 9-уми март огоҳ карда шуд”.

Ба дипломати амрикоӣ, ки номаш бурда намешавад, иҷоза додаанд, баъди мусодираи “ашё” вориди ҳавопаймо шуда, ба Ню-Йорк сафар кунад.

Сафорати Амрико дар Русия ҳанӯз ҳодисаро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG