Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Поршнев гургҳо ба як кӯдаки 5-сола ҳамла карданд


Гургҳо дар деҳаи Мденхори ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон ба як кӯдаки 5-сола ҳамла кардаанд. Рӯзи гузашта дар ҳамин деҳа ду зан дар пайи ҳамлаи ҳайвонҳои ваҳшӣ ҷони худро аз даст дода буданд.

Ҳикмат Қаландарбеков, раиси ҷамоати Поршнев рӯзи 8-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодисаи ҳамлаи гургҳо ба кӯдаки хурдсол шаби гузашта иттифоқ афтодааст. Ба қавли ҷаноби Қаландарбеков, баъди ҳамлаи ҳайвони ваҳшӣ падари кӯдак тавонистааст ӯро аз дасти гургҳо халос кунад.

Мақомот мегӯянд, аз дирӯз ба ин тараф барои нобуд кардани гургҳо кор карда истодаанд. Ба гуфтаи масъулин, бо роҳи шикор мехоҳанд хавфи ҳамлаи гургҳо ба сокинони ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнонро кам кунанд. Ин ҷамоат ба гуфтаи роҳбараш 9 деҳа дорад, ки ҳамаи онҳо аз хавфи ҳамлаи ҳайвонҳои ваҳшӣ эмин нестанд.

Зимнан рӯзи гузашта дар пайи ҳамлаи гургҳо дар ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон Амалбегим Ташрифбековаи 83-сола ва духтараш Мастибегим Давандоваи 55-сола ҷон бохтанд. Масъулини ҷамоати Поршнев мегӯянд, дар даҳ соли ахир бори аввал аввал аст, ки гургҳо ба сокинон ҳуҷум мекунанд.

XS
SM
MD
LG