Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се достон – аз ноумедӣ то сарнавиштсозӣ. ВИДЕО


Барои пайдо кардани роҳи нав дар зиндагӣ ва раҳо шудан аз эҳсоси дарду бадбахтӣ, Фирӯза Носирова ба даҳҳо зан кумак мекунад.

  • Фирӯза Носирова, ки дар зиндагии худ чанд марҳилаи душвореро пушти сар кардаву борҳо ба зону афтода ва бархостааст, ҳоло ба занон бовар кардан ба нерӯи худро меомӯзад.

Ӯ раиси ширкати "Идея" ва соҳибкор аст. Ҳолатҳои ногувор дар зиндагии худ ва занони дигар ӯро водор кард, ки барои кумак ба занҳо иқдом кунад. Ӯ мегӯяд, замоне таъмини фарзандон пурра ба дӯши ӯ афтид. Бо он ки дар як ширкати бонуфуз раҳбар буд, ҳамзамон шабона дар хона кӯлчақанд пӯхта мефурӯхт.

Фирӯза Носирова.
Фирӯза Носирова.

Форуми "Я" ва лоиҳаи "Мани дигар" аз тарҳҳоест, ки Фирӯза Носирова барои беҳтар кардани зиндагии занон роҳандозӣ кард. Дар чаҳор мавсим ва бо шеваҳои ғайримаъмулӣ аз ҷумла, дар лоиҳаи равоншинос, ороишгару тарроҳ, рақсу варзиш ва суҳбатҳои озод бо ҳамдардони худ Фирӯза ва гурӯҳаш талош мекард қалбу рӯҳи занон аз дарду афсурдагӣ пок гардад. Ӯ мегӯяд, дар як сол ин лоиҳа амалан ба 15 нафар ва тариқи ин занон ба хонаводаҳои онҳо ёрӣ кардаанд.

Достони як иштирокчии тарҳ

Мусоҳиби мо мегӯяд, сарнавишти бархе аз қаҳрамонҳои лоиҳаи онҳо барои ҳам муаллифони тарҳ ва ҳам аксар дигар занон омӯзанда аст. Фирӯза аз қиссаи як иштирокчии лоиҳа ёд меорад, ки ҳанӯз дар 8-солагӣ аз сӯи падарандараш таҷовуз шуд, аммо тавонист дубора ба по хезад ва умедро ба зиндагӣ аз даст надод.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Марвориди қиматбаҳо"-и Фархунда Файзуллоева
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:37 0:00

"Таҷовузи духтар аз сӯи падарандар то 13-солагӣ идома кард. Вале ин зан фоҳиша нашуд. 3 кӯдак таваллуд кард, соҳиби маълумот шуд ва кор мекунад. Аз ҳама муҳимаш, зиндагӣ ва одамонро дӯст медорад. Чунин зан метавонад ба ман ягон чиз омӯзад? Ман эҳсос кардам, ки худам ҳам тағйир меёбам", - мегӯяд Фирӯза Носирова.

"Марвориди қиматбаҳо"-и Фархунда Файзуллоева

Фархунда Файзуллоева, яке аз иштирокдорони дигари лоиҳаи "Мани дигар" аст. Ӯ замоне ба лоиҳа омад, ки як марҳилаи душвореро дар зиндагии худ пушти сар мекард. Бо панҷ фарзанди аллакай баркамол ва пас аз 25 соли зиндагии муштарак Фархунда аз шавҳар ҷудо шуд. Ин тасмим барояш осон набуд.

"Даврае буд, ки ба ман кумаки хеле ҷиддӣ лозим буд. Вақте ба қадри ту ҳамчун зан модар намерасанд, ҳаётатро мисли як паррандае, ки пару болаш шикастааст, эҳсос мекунӣ. Ман дар байни роҳ монда будам, намедонистам чӣ кор кунам", - мегӯяд Фархунда.

Фархунда Файзуллоева.
Фархунда Файзуллоева.

Ду соли ахир Фархунда ба зиндагии худ ранги дигар бахшид. Маҳфили "Марвориди қиматбаҳо"-ро, ки хеле боз орзу дошт, таъсис дод ва ҳоло 80 зани узви он аст. Онҳо масъалаҳои муҳими занонро матраҳ ва бо машварату роҳнамоӣ якдигарро дастгирӣ мекунанд. Фархунда ҳоло нақшаҳои бузурги дигар дорад ва саргарми амалӣ кардани онҳост. Ӯ ба варзиш машғул шуд. "Мо занҳо бештар ба фикри хона, фарзанд ва кор шуда, ба худамон чандон эътибор намедиҳем. Дар ин лоиҳа ман бори аввал ба фитнес рафтам", - афзуд, Фархунда.

"Шелтер" барои занони қурбонии шиканҷа

Дар як соли гузашта ҳудуди даҳ ҳазор зан ба Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон аз хушунат дар хона ва набуди ҷойи кору манзил шикоят кардаанд. Мушкили аксари занон танҳо бо рафтан ба фитнес ва сӯҳбату машварат ҳал намешаванд. Ин гурӯҳи занон, ки аксаран дар деҳу навоҳии дурдаст зиндагии пур аз озору хушунат доранд ва ҳатто фикри қасди ҷони худро мекунанд, ба кумаки амалӣ ниёз доранд.

Маҳз барои ҳамин гурӯҳ дар як гӯшаи дигари Тоҷикистон паноҳгоҳе фаъолият дорад, ки то замони ҳалли мушкил, занонро аз зарби латукӯб наҷот медиҳанд.

Мавҷуда Шарипова, раҳбари Маркази бӯҳронӣ дар Хатлон.
Мавҷуда Шарипова, раҳбари Маркази бӯҳронӣ дар Хатлон.

Мавҷуда Шарипова, раҳбари Маркази бӯҳронӣ дар Хатлон мегӯяд, чанд соли пеш, вақте як қурбонии хушунати хонаводагиро баъди сӯҳбат бо мутахассисон ба хона баргардониданд, аз тарафи шавҳараш кушта шуд ва онҳо дар фикри паноҳгоҳ шуданд. Шарифова афзуд, аз 25-30 зане, ки ҳар рӯз ба маркази онҳо муроҷиат мекунанд, равоншиносон занони таҳти хушунати шадидро дар паноҳгоҳ ҷой мекунанд.

Суроғаи паноҳгоҳи занон дар Хатлон ба ҷуз аз масъулони ҳукумат ва пулисҳо ба касе маълум нест ва барои қурбониёни шиканҷа ва кӯдакони онҳо имкон дода мешавад, 14 рӯз дар ин "шелтер" ё паноҳгоҳ зиндагӣ кунанд. Ба гуфтаи Мавҷуда Шарипова, дар ин муддат масъулони Маркази буҳронӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоту пулис кӯшиш мекунанд бо шавҳар ва хонаводаи зан сӯҳбатҳо кунанд ва роҳе барои мушкили ӯ пайдо намоянд.

Видеоро дар инҷо тамошо кунед:

Маркази бӯҳронӣ барои занон дар Хатлон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:22 0:00

"Шавҳарам зани дигар ёфт ва маро ронд"

Дар се соли фаъолияти паноҳгоҳ ҳудуди 70 зан дар ҳолатҳои душвор дар ин макон зиндагӣ кардаанд. Саодат, зани 45-сола, ки ҳамроҳ бо як кӯдакаш дар рӯзи иди модар дар ин марказ паноҳ бурдааст, мегӯяд, шавҳараш зани дигаре пайдо кард ва ӯро аз хона ронд.

Ба таъкиди муаллифони тарҳи "Мани дигар", маҳз ба хотири ояндаи фарзандон, занон бояд ба ҳеҷ ваҷҳ ба таҳқиру фишор нисбати худ роҳ надиҳанд.

Саодат гуфт, шавҳараш се кӯдакро аз дасташ гирифт. Ӯ бо тифли хурдӣ аз хона баромад ва ҷое барои рафтан надошт, чун падару модараш низ вафот кардаанд. Мегӯяд, аввал фикр кард, худро ба об партояд. Аммо як зани дигар, ки дар бораи паноҳгоҳ медонист ба ӯ дар ин бора гуфт. Ҳоло Саодат мехоҳад, бо кумаки ҳуқуқшиносон барои ҳаққи худ талош кунад.

Беш аз нисфи аҳолии баркамоли Тоҷикистон занонанд. Як пажӯҳиши саросарӣ дар кишвар ҳам муайян кардааст, ки аз чаҳор як зани аз 15 то 49- солаи тоҷик шуғле доранд ва ба будҷаи хона даромад меоранд.

"Академияи занҳо" ба бонувони сирри хушбахтиро ёд медиҳад

Коршиносони масоили занон мегӯянд, бонувони зиёде ҳоло машғули таъмини рӯзгору тарбияи фарзандон ё сохтани карйера, назокати занонаро фаромӯш карда, аз табиати худ дур шудаанд. Барои ин гурӯҳ занон ҳоло дар пойтахт лоиҳае бо номи "Академияи занҳо" фаъол аст. Муаллифи лоиҳа, равоншинос Наргис Назарова дар маҳфилҳои худ ба занон сирри хушбахт будану хушбахт кардани хонаводаро меомӯзад.

Наргис Назарова.
Наргис Назарова.

Худи Наргис мегӯяд, дар зиндагӣ зоҳиран муваффақ ва соҳиби кори хуб буд, аммо дар ботин эҳсоси хушбахтӣ надошт. "Дарк кардам, ки мо табиати занонаи худро гум кардаем. Фаромуш мекунем, ки зани аслӣ кӣ аст ва бояд чӣ гуна зиндагӣ дошта бошад", - мегӯяд, Наргис.

Амрита Қирғизова, яке аз ширкатдорони лоиҳаи "Академияи занҳо" пайи кору бор дигар ба зоҳири худ чун як зан зиёд таваҷҷӯҳ намекард. Аммо ҳоло бе рангу бор аз хона берун намеравад. Ба гуфтаи ӯ, "инҷо кас дарк мекунад, ки тамоми нерӯи ту дар назокати занонаи ту аст".

Зарина Камолова, аз иштирокчиёни дигари маҳфили "Академияи занҳо" аз хурдсолӣ бо ин андеша, ки дар зиндагӣ мардон бартарӣ доранд, аз духтар таваллуд шуданаш чандон хушҳол набуд. Фикр мекард, ки зиндагӣ барои мард осону ҷолиб аст. Вале "занон хушунат мешаванд, зиёд кор мекунанду кам мегиранд". Пас аз ширкат дар "Академияи занон", андешаҳояш тағйир ёфт. "Бештар зан ва махсус будани худро эҳсос кардам", - мегӯяд Зарина.

Ба таъкиди ҳамаи ин заноне, ки талоше барои тағйир додани ботину зоҳир ва зиндагии занони дигар кардаанд, зан бояд ҳамеша ба ин фикр бошад, ки зиндагии минбаъдаи фарзандон маҳз аз зиндагии волидон вобаста аст. Фирӯза Носирова зани фаъол ва муаллифи лоиҳаи "Мани дигар" таъкид мекунад, ки маҳз ба хотири ояндаи фарзандон занон бояд ба ҳеч ваҷҳ ба таҳқиру фишор нисбат ба худ роҳ надиҳанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG