Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Латифи Пидром дар ҳамлаи Кобул захмӣ шуд


Латифи Пидром, раиси ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон.

Латифи Пидром, яке аз чеҳраҳои маъруфи тоҷикон дар саҳнаи сиёсии Афғонистон ва номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури он кишвар, дар ҳамлаи рӯзи панҷшанбе ба маросими ёдбуди яке аз раҳбарони қавми ҳазора дар Кобул, захмӣ шудааст.

Ба гуфтаи Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон то ҳанӯз талафоти ин ҳамла маълум нест. Аммо дар сафҳаи расмии Латифи Пидром дар "Фейсбук" омадааст, ки ӯ дар ин ҳамла захмӣ шудааст. "Вазъияти сиҳҳии оқои Пидром хуб аст",-омадааст дар ин хабар.

Шоҳидон дар маҳали ҳодиса ба хабаргузориҳои маҳаллии Афғонистон гуфтаанд, ки дар натиҷаи бархӯрди яке аз мушакҳо дар наздикии ин маросим, се тан ҷон бохтаанд.

Нусрат Раҳимӣ гуфтааст, ки мушакҳо аз як хона ба тарафи маҳали баргузории маросим партоб мешуд, ки шахси партобкунандаи мушак боздошт шудааст. Ӯ мегӯяд, шуморе аз афроде, ки дар ин ҳодиса даст доштанд, шиносоӣ шуда ва акнун дар муҳосираи нерӯҳои интизомӣ ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузориҳо, ин маросим дар минтақаи Дашти Барчӣ воқеъ дар ғарби шаҳри Кобул доир шуда буд. Ба навиштаи Бӣ-Бӣ-Сӣ, дар ин маросим мақомҳои давлатии Афғонистон, аз ҷумла Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон, Ҳомид Карзай, президенти пешин, Муҳаммад Атмар Ҳаниф, номзади раёсати ҷумҳурӣ, Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷӣ ва раиси ҳизби Ҷамъияти исломӣ, Муҳаммад Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби исломии мардуми Афғонистон ва дигар шахсиятҳои сиёсӣ, иштирок доштанд.

Таркиши шаҳри Кобул қабл аз зӯҳри рӯзи панҷшанбеи 7-уми март дар маросими ёдбуди Абдулалӣ Мазорӣ, яке аз раҳбарони қавми ҳазораи Афғонистон, ки дар замони ҳукумати Толибон кушта шуд, рух дод. Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки як ҳамлакунанда кушта шуда ва теъдоди дигари онҳо дар муҳосира қарор доранд.

Шоҳидони айнӣ дар маҳали ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳадди ақал садои ҳашт таркиш шунида шуд ва мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" ҷои ҳодиса расидаанд. Онҳо мегӯянд, ки ин маросим ниматамом гузошта шуд ва мардум пароканда шуданд. Умед Майсам, сухангӯи раёсати иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чанд мушак дар наздикии маросими ёдбуди Абдулалӣ Мазорӣ бархӯрд.

Сухангӯи вазорати тандурустии Афғонистон гуфтааст, ки то ҳанӯз 16 тан аз захмӣ ба шумули ҳашт низомӣ ва як кушта дар натиҷаи ин ҳамла, ба бемористон интиқол ёфтаанд. Шоҳидон дар маҳали ҳодиса ба хабаргузориҳои маҳаллии Афғонистон гуфтаанд, ки дар натиҷаи бархӯрди яке аз мушакҳо дар наздикии ин маросим, се тан ҷон бохтаанд.

Масъулияти ин ҳамларо то ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе ба ӯҳда нагирифтааст. Аммо рӯзи гузашта чанд марди мусаллаҳ ба як ширкати сохтмонӣ дар наздикии фурудгоҳи вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон ҳамла карданд, ки дар натиҷа беш аз 15 нафар аз кормандони ин ширкат кушта шуданд. Гурӯҳи "Давлати исломӣ" масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст.

Латифи Пидром, раиси Ҳизби Кунгураи миллӣ ва намояндаи мардуми Бадахшон дар порлумони Афғонистон ва аз аъзои фаъоли раёсати ҷамъияити "Пайванд" буда, дар тирамоҳи соли 2012 барои талошҳояш дар густариши равобити миёни ҳамзабонон ва форсигӯён, "шаҳрванди ифтихорӣ"-и шаҳри Кӯлоби Тоҷикистонро касб карда буд.

Латифи Пидром дар ду даври интихоботи раёсати ҷумҳури ин кишвар низ номзад ба ин мақом буд. Ин шоир ва сиёсатмадори тоҷиктабори Афғонистон дар таҳкими робитаҳои миёни форсизабонон ва хусусан доираҳои адабии Тоҷикистон ва Афғонистонро саҳми бориз дорад ва дар ҳалқаҳои адабӣ ва сиёсии Тоҷикистон эътироф шудааст. Абдулатифи Пидром зодаи Дарвози Бадахшони Афғонистон мебошад.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG