Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

МТС $850 млн ҷаримаи "парванда ришва ба Гулнора Каримова"-ро супурд


Ню Йорк: Гулнора Каримова дар намоишгоҳи "Guli Collection"
Ню Йорк: Гулнора Каримова дар намоишгоҳи "Guli Collection"

Ширкати мобилии МТС бо Комисияи коғазҳои қиматбаҳо биржа ва Вазорати адлияи ИМА дар баҳси фасодкории намояндагии ширкати МТС дар Узбекистон ба созиш расид. Ширкат дар маҷмуъ 850 млн доллар ҷарима супурд.

Дар як таҳқиқоти амрикоӣ, ки соли 2014 шуруъ шуд, гуфта мешавад, МТС бо ҳадафи ворид шудан ба бозори Узбекистон ба сохторҳои марбути Гулнора Каримова - духтари президенти пешини ин кишвар, пора додааст. Бо ин далел, ки саҳмияҳои МТС дар биржаҳои ИМА фурӯхта мешаванд, фаъолияти ширкати мазкур ҳам тавассути қонунгузории амрикоӣ танзим мешавад.

Соли 2015 нисбати Каримова дар Шветсия, Шветсария ва ИМА парванда боз шуд: ӯ дар азхудсозии наздики миллиард доллар айбдор шуд. Ба иттилои тафтишот, Каримова ҳадди ақал аз шаш ширкати мобилии байналмилалӣ пора гирифтааст.

Дар Узбекистон Каримова ҳамунин дар ҷиноятҳои молӣ дар ҳаҷми наздики 53 миллион доллар айбдор шуд. Соли 2017 ӯ бо ҷурми саркашӣ аз пардохти андоз, дуздӣ, тамаъҷӯӣ ва маҳви ҳуҷҷатҳои марбут ба ширкатҳои офшорӣ 10 сол зиндонӣ шуд. Аммо як сол баъд додгоҳи вилоятии Тошканд ҳукми зиндони ӯро 5 сол кам ва ба ҳабси хонагӣ интиқол дод. Чанд рӯз пештар додгоҳ ӯро дубора ба маҳбас фиристод.

XS
SM
MD
LG