Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар сӯхтори Русия шаҳрвандони Қирғизистон маҷруҳ шуданд


Чаҳор шаҳрванди Қирғизистон дар оташсӯзии корхонаи шишабарории "РусҶам"-и вилояти Владимири Русия маҷруҳ ва дар бемористон бистарӣ шуданд.

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ҳамаи маҷруҳон шаҳрвандони Қирғизистон ҳастанд.

Расонаҳо менависанд, сӯхтор соати шаши шом рух додааст.

"Оташ масоҳати 4 метри мураббаъро фаро гирифт ва аз сӯи муҳофизони корхона ба зудӣ хомӯш шуд. Аммо қуттиҳои ранг таркиданд, ки коргарон аз таркиши онҳо маҷруҳ шуданд", - навиштанд расонаҳо.

XS
SM
MD
LG