Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гадоев гуфт, ки ӯро мақомоти Тоҷикистон аз Русия рабуданд


Шарофиддин Гадоев, яке аз фаъолони мухолифони тоҷик, ки аз Тоҷикистон ба Ҳолланд баргаштааст, мегӯяд, ки ба Душанбе ихтиёран нарафта буд ва ӯро мақомоти Тоҷикистон аз Русия рабуданд.

Дар як навори видеоӣ, ки Паймони миллӣ -- як эътилофи созмонҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар "Ютюб" нашр кард, Шарофиддин Гадоев, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва ҳукумати Ҳолланду дигар кишварҳо изҳори сипос кардааст, ки барои бозгардонидани ӯ аз Душанбе кӯмак карданд.

Ӯ дар ин видеои 10- дақиқаӣ, ки рӯзи 5-уми март нашр шуд, мегӯяд, "агар кӯмакҳои дастаҷамъона намебуд, ман дар асорати онҳо мемондам ва дар ин асорат онҳо чиҳое, мехостанд, болои ман мекарданд".

Шарофиддин Гадоев, мегӯяд, видеоҳое, ки дар Тоҷикистон дар бораи ӯ нашр шуд, филмҳои сохта аст ва бо таҳдиду зӯрӣ барои тарғибот сабт шудаанд. Ӯ дар ин видео ваъда медиҳад, ки чӣ гуна рабуда шудану дар Тоҷикистон чиҳо кашиданашро ба зудӣ ошкор мекунад.

Шарофиддин Гадоев, ки ҳаққи паноҳандагии Ҳолландро дорад, рӯзи 15-уми феврал дар Душанбе пайдо шуд ва мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ӯ ихтиёрӣ баргашта, худашро ба дасти мақомоти умури дохилӣ таслим кардааст.

Шарофиддин Гадоев, ки пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард, ба "қочоқи мошин"ва "сохтакорӣ" муттаҳам мешавад ва дар панҷ-шаш соли охир дар ҷустуҷу қарор дошт. Ӯ муттафиқ ва аз ҳамкорони муассиси "Гурӯҳи 24" Умаралӣ Қувватов буд, ки соли 2015 дар Туркия кушта шуд.

XS
SM
MD
LG