Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулнора Каримова барои нақзи муқаррароти ҳабси хонагӣ ба зиндон интиқол ёфт


Додситонии кулли Узбекистон гуфт, ки Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳури пешини он кишвар Ислом Каримов бинобар нақзи муқаррароти ҳабси хонагӣ, ба зиндон интиқол ёфт. Ин қарор рӯзи 5-уми март аз сӯи яке аз додгоҳҳои Тошканд содир шудааст.

Дар изҳороти дафтари Додситонии кулли Узбекистон омадааст, ки Гулнора Каримова рӯзи 22-юми ноябри соли гузашата дар ҳоле, ки дар ҳабси хонагӣ ба сар мебурд, макони иқомати духтараш Имонро тарк кардааст. Додситонӣ ҳамчунин мегӯяд, ки Гулнора Каримова бо мақсадҳои номаълум аз интернет истифода кардааст.

Баёния мегӯяд, ки додгоҳи ноҳияи Ёшободи Тошканд рӯзи 5-уми март ба дархости вазорати умури дохилӣ дар мавриди интиқоли Каримова ба маҳбас мувофиқат кард ва ҳамакнун ӯ панҷ соли боқимондаи ҳабсро дар онҷо сипарӣ хоҳад кард.

Манобеи мустақил то ба ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд. Як вакили дифоъ аз Швейтсария, ки дар солҳои охир аз ҳуқуқҳои Гулнора Каримова ҳимоят мекард, рӯзи 5-уми март ба суолҳои Радиои Озодӣ дар ин маврид, посухе надод.

Имон -- духтари Гулнора Каримова рӯзи 5-уми март дар "Инстаграм" аксҳоеро мунташир кард, ки нишон медиҳад модараш аз сӯи мақомоти интизомӣ боздошт ва ба ҷое бурда мешавад. Дар як навиштаи дигари худ дар "Инстаграм", духтари Гулнора Каримова навишт, ки маъмурони амниятӣ дар соати 7-и бегоҳ ба манзили онҳо ворид шуда, модарашро таҳдид карданд ва ӯро бо худ бурданд.

Гулнора Каримова, ки замоне вориси падар дар тахти президентӣ пешгӯӣ мешуд, дар гузашта дар Вазорати умури хориҷии он кишвар кор карда, намояндаи расмии Узбекистон дар чанд созмони байналмилалӣ буд. Ҷудо аз корҳои давлатӣ Гулнора Каримова ба ҳайси тарроҳи либосу ҷавоҳирот ва муассиси бренди атриёти Guli маъруф шудааст. Ӯ, инчунин, талош кард ҳунари овозхонии худро бо исми мустаори Гугуша сайқал диҳад, вале дар муқоиса бо ҳунарҳои дигараш ин кор чандон муваффақ набуд.

Аммо номуваффақтарин марҳила ҳамоне шуд, ки ӯро дар чанд кишвари ғарбӣ барои фасоду ришвахорӣ муттаҳам карданд. Соли 2012 мақомот дар Узбекистон чанд шабакаи телевизион ва радиоҳои марбут ба Гулнораро дар саросари ин кишвар бастанд. Ва худи ӯ дар замони зинда будани падараш ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд.

XS
SM
MD
LG