Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қумриннисо Ҳафизова: Ҳукумат ва мухолифон таҳаммули танқидро надоранд. САДО


Қумриннисо Ҳафизова
Қумриннисо Ҳафизова

Рӯзи 5-уми март аз кушта шудани Умаралӣ Қувватов, муассиси "Гурӯҳи 24", як созмони сиёсии мухолифи ҳукумат, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуст, чаҳор сол гузашт.

  • Қувватов соли 2015 аз тири ҳамлагари ношинос дар шаҳри Истанбули Туркия кушта шуд. Дар пайи ин қатле, ки созмонҳои ҳомии инсон "сиёсӣ" унвон карданд, танҳо як нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуд, вале ба гуфтаи пайвандонаш иҷрокунандагони бевоситаи ин қатл беҷазо монданд.
Дар замоне ҳастем, ки бисёре аз давлатҳо демократианд. Аммо мебинам, ки ҳукумат ҳам танқидро дӯст намедорад, бисёре аз мухолифон ҳам.

Пас аз марги Умаралӣ Қувватов даҳҳо тарафдораш дар саҳнаи сиёсии хориҷ аз Тоҷикистон монда, бо номи "Гурӯҳи 24” фаъолияти худро идома доданд. "Гурӯҳи 24" соли 2014 дар Тоҷикистон мамнӯъ ва ифротӣ эълон шуд ва дар панҷ соли гузашта чандин шаҳрванди Тоҷикистон барои узвият дар он пушти панҷара рафта, бархе ҳам “пушаймон ва афв” шуданд.

Куштори Қувватов, ки як мунтақиди шадидлаҳни ҳукумати Тоҷикистон буд, зиндагии наздикон – ҳамсар ва фарзандонашро комилан тағйир дод. Баъди ҳафт моҳи куштори Қувватов, дар Канада – макони паноҳандагии хонаводаи ин соҳибкори норозӣ аз ҳукумати Тоҷикистон, фарзанди шашуми ӯ ба дунё омад.

Қумриннисо Ҳафизоваи 38-сола мегӯяд, қатли бераҳмонаи шавҳар дар пеши чашми ӯву фарзандон дар рӯҳу равони онҳо осори амиқ гузоштааст. Ӯ рӯзи 5-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо гузашти вақт ва муолиҷаву дармон ҳам, ҳолати афсурдагиаш рафъ намешавад.

Мегӯяд, ба хотири оромиши равониву зеҳнӣ ба дин рӯ овард ва фарзандонашро ҳам дар макони ғурбат дар рӯҳияи исломӣ бузург мекунад.

Нигаронии 15-рӯза аз сарнавишти Шарофиддин Гадоев

Ин зан мегӯяд, бо кумаки ҳукумати Канада тавонист, ки зиндагии худу фарзандонро танзим кунад. Манзили иҷора гирифтааст ва фарзандонаш дар мактаб таҳсил мекунанд. Духтари калониаш 18 сол дошта, аллакай ба донишгоҳ пазируфта шудааст. Худи Ҳафизова дарси забони англисӣ ва ҳам мактаби мураббиягиро хатм кард. Вале бештари вақташ дар Интернет ва Фейсбук мегузарад. Мегӯяд, ин шабакаи иҷтимоӣ барои муошират бо ҳамватанон ва дарёфти охирин хабар аз Тоҷикистон, ки он ҷо азизонаш мондаанд, мусоидат мекунад.

Қумриннисо Ҳафизова: Бо ҳеҷ гурӯҳи сиёсӣ ҳамроҳ нестам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:27 0:00
Линки мустақим

Шарофиддин Гадоев
Шарофиддин Гадоев

Ӯ мегӯяд, давоми ду ҳафтаи охир аз сарнавишти Шарофиддин Гадоев дар ташвиш буд. "15 рӯзи охир на шаб хоб будам, на рӯз. Вақте дидам, ки ба Тоҷикистон рафтаву дар видео дархости афв мекунад, барои ман як зарба буд. Ӯ аз “Гурӯҳи 24” аввалин одам набуд, ки дар Тоҷикистон пайдо шуда, видео пахш кунад."

Ҳафизова гуфт, Гадоев аммабача ва шогирди Қувватов аст, ки аз замони донишҷӯӣ дар канораш буд ва дар оғози солҳои 2000-ум корро дар ширкати “Тоҷирон” шурӯъ кард. Мегӯяд, Шарофиддин Гадоев то охир як нафари содиқи шавҳараш монд ва ҳоло ҳам аз онҳо ҳолпурсӣ ва дар зиндагиашон кумак мекунад. Қумриннисо Ҳафизова гуфт, аз шунидани хабари бозгашти Шарофиддин ба Аврупо бисёр шод шуд.

"Ҳукумат бе оппозитсия вуҷуд дошта ​наметавонад"

Қумриннисо Ҳафизова мегӯяд, ба фаъолиятҳои сиёсӣ аслан таваҷҷӯҳ надорад, вале аз он чӣ ки дар саҳнаи сиёсии ватан мегузарад, бахубӣ огоҳ аст. Мегӯяд, узви кадом созмон, аз ҷумла “Гурӯҳи 24” нест. Ба гуфтааш, фазои сиёсӣ чунин аст, ки на ҳукумат ва на мухолифон таҳаммули интиқодро надоранд:

"Ҳар кас бояд озодии баён дошта бошад. Дар замоне ҳастем, ки бисёри давлатҳо демократианд. Ман нигоҳ мекунам, ҳукумат ҳам танқидро дӯст намедорад, бисёре аз мухолифон ҳам танқидро дӯст намедоранд. Мушкили мо ҳамин аст, ки танқидро қабул надорем. Ба ҳамин хотир, ман чунин созмон ё гурӯҳеро надидам, ки бигӯям, "ҳо"..." Мегӯяд, “бисёр ҳолатҳое шудааст, ки барои ибрози назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ, борони санг болои ман мерезанд, барои ҳамин намехоҳам дар ягон гурӯҳ пайваст бошам”.

Вале, ба қавли Қумриннисо Ҳафизова, бояд як фарҳанги ҳамзистӣ ва ҳамкории миёни ҳукумат ва оппозитсия вуҷуд дошта бошад: "Бубинед, ҳеҷ як абарқудрат дар дохили кишвараш бе оппозитсия нест. Бе оппозитсия кӣ камбудҳои давлатро мегӯяд. Якҷоя мешинанд, камбудҳои давлатро гап мезананд, барои рушди давлат ҳамкорӣ мекунанд, ки пешрафт бошад”.

Асрори нокушодаи қатли Қувватов

Қумриннисо Ҳафизова мегӯяд, бо вакили дифояш дар Туркия дар тамос аст ва аз ӯ медонад, ки дар қатли ҳамсараш “6 нафар иштирок карданд”, вале танҳо як нафар – Сулаймон Қаюмов, ки оилаи Қувватовҳоро шаби 5-уми март ба меҳмонӣ даъват карда дар ғизояшон заҳр андохта буд, боздошт ва ба ҳукми зиндони абад маҳкум шуд. Ба гуфтааш, қотили аслии ҳамсараш як марди тоҷик аст, ки “дар Тоҷикистон озодона зиндагӣ мекунад” ва то ҳанӯз на аз ҷониби Туркия ваё Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

Ҳафизова мегӯяд, баъди ин ҳама фоҷеаҳо дар зиндагӣ талош мекунад хашин набошад ва фарзандонро ҳам дар рӯҳияи эҳтиром ба ёди падар бузург кунад. Ӯ гуфт, медонад, дар Тоҷикистон нафарони зиёде ҳастанд, ки ба куштори бераҳмонаи ҳамсари ӯ бовар доранд ва ин ҳодисаро маҳкум мекунанд. “Медонам, ки дар ҳукумат ҳам чунин мардони баномус ҳастанд”, - афзуд ӯ.

Умаралӣ Қувватов, як соҳибкори норозӣ аз ҳукумат баъди тарки Тоҷикистон соли 2012 ба фаъолияти сиёсӣ пардохт, дар хориҷа “Гурӯҳи 24”-ро таъсис дод ва бо истифода аз интернет ба интиқоди шадид ҳукумати Тоҷикистон пардохт.

Қувватов тиҷорати ширкатҳои бузурги "Тоҷирон" ва “Фароз” дар Тоҷикистонро мечархонд, Шамсуллоҳ Соҳибов, яке аз домодҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба ғасби тиҷораташон айбдор карда буд.

Вале масъулони кунунии “Фароз” иддаои Қувватов ва Шарофиддин Гадоевро дар бораи дар гузашта ба онҳо тааллуқ доштани ин ширкатҳо бепоя мехонанд.

Дар гузориши Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия, ки феврали соли 2016 нашр шуд, гуфта шуд, ки қатли раҳбари "Гурӯҳи 24" дар Истанбул бо "дахолат ё ризоияти ҳукумати Тоҷикистон" сурат гирифтааст. Вале ҷониби Тоҷикистон чандин бор чунин иттиҳомотро шадидан рад кардааст. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки Душанбе барои ҳамкорӣ бо пулиси Туркия дар амри таҳқиқи парвандаи қатли Қувватов омода аст. Замоне ки Қувватов кушта шуд, 47 сол дошт ва ҳамроҳ бо оилаву фарзандонаш дар Туркия мунтазири гирифтани ҳаққи паноҳандагии СММ буд. Танҳо баъди қатли ӯ оилааш тавонист ба Ғарб кӯчида таҳти ҳимояти созмонҳои байналмилалӣ қарор гирад.

XS
SM
MD
LG