Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев ба милиса ва низомиёни муҳлат дод, ки лоғар шаванд


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ҳафтаи гузашта дар мулоқот бо фаъолони вилояти Намангон кормандони вазоратҳои умури дохилӣ ва дифои ин кишварро барои фарбеҳӣ ва доштани вазни барзиёд танқид кард.

Бино ба хабари расонаҳои маҳаллӣ, президент Мирзиёев ба кормандони ду вазорат аз 3 то 6 моҳ муҳлат дода, ки лоғар шаванд.

"Ба мо афсар, корманди фарбеҳи умури дохилӣ лозим нест. Ӯ бо он вазн чи гуна ҷинояткорро дастгир карда метавонад? Бигзор бо варзиш машғул шаванд. Ин на барои ман, балки барои саломатии худи онҳо зарур аст. Ба онҳо 3 ё 6 моҳ муҳлат медиҳем, то худро ба тартиб оранд ва лоғар шаванд", - иқтибос меорад Daryo.uz аз суханони Мирзиёев.

Шавкат Мирзиёев мушкили фарбеҳӣ ва доштани вазни зиёдро 9 ноябри соли 2018 дар як ҷаласаи видеоӣ бахшида ба натиҷаҳои ислоҳоти хадамоти тиббӣ дар Узбекистон низ ёдрас карда буд.

"Ними аҳолии Узбекистон дар натиҷаи камҳаракатӣ ва ғизои нодуруст фарбеҳ мешаванд. Дар натиҷа 31 дарсади сокинон ҳоло ба бемории фишорбаландӣ гирифторанд", - гуфта буд Мирзиёев он замон.

Пас аз ин суханҳои Мирзиёев хабарҳое нашр шуданд, ки як қатор муассисаҳои давлатӣ аз кормандони худ талаб доранд, дар муддати кутоҳ лоғар шаванд. Дар баъзе аз корхонаҳо ба кормандон ҳатто дастурамали партофтани вазнини зиёдатиро тақсим карданд.

XS
SM
MD
LG