Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии Русия дар Универсиадаи ҷаҳонии зимистона дар Красноярск


Universiada
Universiada

Дар Универсиадаи XXIX ҷаҳонии зимистона, ки 2-юми март дар шаҳри Красноярски Русия оғоз ёфт, мизбонон пешсафанд. Маросими ифтитоҳи ин мусобиқоти бузургӣ варзишии донишҷӯёни олам дар маҷмааи варзишию фарҳангии «Платинум-Арена» доир гардид.

Дар ин маросим президенти Русия Владимир Путин Универсиадаи XXIX ҷаҳонии зимистонаро кушода эълон кард. Ӯ зимни суханрониаш ширкаткунандагону меҳмонони Универсиадаро ба Красноярск хайра мақдам гуфт: “Ҳамагонро бо оғози мусобиқот табрик гуфта, барори кор, пирӯзиҳои қонеъкунанда, зебо ва дурахшон орзу мекунам.”

Сарвари Русия иброз дошт, ки Универсиадаи Красноярск ҳамаи рекордҳоро оид ба оммавият нав хоҳад кард. Барои ширкат дар мусобиқот аз рӯи барномаи Универсиада ба Красноярск «армияи бузург» иборат аз 3000 нафар омадааст. Путин изҳор дошт, ки дар чунин шароит «ҳамагуна ғалаба хеле ҳайсиятӣ хоҳад буд».

Оташи Универсиадаи XXIX ҷаҳонии зимистонаро дар Красноярск қаҳрамони дукаратаи олимпӣ оид ба гимнастикаи варзишӣ Светлана Хоркина ва қаҳрамони даҳкаратаи ҷаҳон оид ба ҳоккей бо тӯб Сергей Ломанов даргиронданд.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Универсиадаи XXIХ ҷаҳонии зимистона варзишгарони донишҷӯи 17-25-сола аз 58 кишвари ҷаҳон ширкат доранд. Онҳо барои 76 маҷмуи медалҳо оид ба 11 намуди варзиш, монанди биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, лижатозӣ, сноуборд, рақси рӯи ях, фристайл, ҳоккей, шорт-трек ва ғайра то рӯзи 12-уми март рақобат хоҳанд кард.

Тоҷикистонро дар Универсиадаи XXIХ ҷаҳонии зимистона, ки таҳти сарпарастии Федератсиони байналмилалии варзиши донишҷӯён (FISU) дар ҳар ду сол баргузор мешавад, чаҳор варзишгар намояндагӣ мекунад.

Ба ҳайати варзишии Тоҷикистон, ки барои дувумин бор дар Универсиадаи зимистона иштирок мекунад, панҷ нафар шомил аст. Чаҳор варзишгар - Садолати Ибодулло, Сайфиддини Низомиддин, Соҳибназар Соҳибов ва Баракатулло Зокиров - бо раҳбарии раиси Ассотсиатсияи варзишгарони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон Шодӣ Сафаров, ки раиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ мебошад, дар намуди лижаронии кӯҳӣ дар рақобатҳо оид ба слаломи бузург (7-8 март) ва слалом (10-11 март) ширкат меварзанд.

Баъди натиҷагирии рӯзи аввали мусобиқот аз рӯи барномаи Универсиадаи XXIХ ҷаҳонии зимистона дар Красноярск дар ҳисоби медалҳо мунтахаби Русия бо касби 12 медал (4 тилло, 5 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар ҷойгоҳи аввал қарор дорад. Мунтахаби Швейтсария бо касби 3 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойгоҳи дуюм ва мунтахаби Канада бо касби 2 медал ( 1 тилло ва 1 биринҷӣ) ҷойгоҳи сеюмро ишғол кардаанд.

Дастаҳои мунтахаби Австрия ва Беларус бо як медали тилло мутаносибан дар зинаҳои чоруму панҷум ҷойгир шудаанд. Умуман, то ҳоло варзишгарони даҳ кишвар барандагони медалҳои Универсиадаи XXIХ ҷаҳонии зимистона гардидаанд.

XS
SM
MD
LG