Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги дастикам 20 нафар аз сели харобиовар дар Афғонистон. ВИДЕО


Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, дар натиҷаи омадани сел дар вилояти Кандаҳори Афғонистон ба камияш бист нафар, аз ҷумла кӯдак, ҷон бохтаанд.

Идораи ҳамоҳангсози кумакҳои башарии Созмони Милал рӯзи дувуми март гуфт, сел садҳо хонаро вайрон карда, баъзе аз мошинҳоро бурдааст. Ба қавли масъулони ин идора, "тақдири дастикам даҳ нафари дигар, аз ҷумла кӯдакон, маълум нест. Онҳо дар ин ҳодиса нопадид шудаанд".

Ба тахмини Созмони Милал ду ҳазор хона осеб дидааст. Дар натиҷаи боронгариҳои шадид ва омадани сел шумори зиёде аз мардум маҷбур шудаанд, ки хонаҳояшонро тарк кунанд. Маъмурони наҷот талош доранд, ки мактабҳо, масоҷид ва идораҳои давлатиро аз хатари сел муҳофизат кунанд.

Сели харобиовар дар Афғонистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:11 0:00

Абдулҳаннон, муовини волии Кандаҳор, гуфт, дар ҳафт соли гузашта шоҳиди чунин сели харобиовар набуданд. Ӯ гуфт, сел ба чорво ва чарогоҳҳо низ зиён расондааст.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, боронҳои пайдарпай ва омадани сел ҳазорон нафарро дар Фароҳу Ҳилманд ва Ҳирот низ бе хонаву дар гузошта, бо мушкили шадид рӯ ба рӯ кардааст. Муҳаммад Аслам, вазири ҳолатҳои фавқулодаи Афғонистон, шаби 2-юми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, зарари бештарро сокинони Фараҳ дидаанд.

Ӯ гуфт, қарор аст, ҳайати ҳукуматӣ бо як миқдор пул ба ин вилоят биравад. “Аз панҷ то даҳ миллион афғонӣ фиристода мешавад ва баъди таҳлили вазъият, агар ниёзи бештар буд, пули бештар фиристода хоҳад шуд”, - афзуд ӯ.

Билқайс Рӯшан, намояндаи пешини Фароҳ дар Вулуси Ҷирга, аз маҳалли ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъият буҳронист. Вай мегӯяд, “шояд ба маблағи миллионҳо афғонӣ ба мардум зиён расидааст. Тамоми хона, ҳасту нести мардумро бурдааст. Феълан ҷонашон дар хатар аст. Мебинед, ки ба ғайр аз артиши миллӣ, каси дигаре кумак накардааст.”

Яке аз сокинони шаҳри Фароҳ ҳам гуфт, ҳанӯз кумак дарёфт накардаанд. “Хонаводаҳо, занон ва бачаҳо дармондаанд. Ҳеч кас нест, ки онҳоро берун кашад”, - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG