Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар даргирӣ бо нерӯҳои Ҳинд ду сарбози Покистон кушта шудаанд


Дар Кашмир марди захмиро ба бемористон мебаранд. Рӯзи 2-юми марти соли 2019
Дар Кашмир марди захмиро ба бемористон мебаранд. Рӯзи 2-юми марти соли 2019

Артиши Покистон гуфт, рӯзи шанбе дар натиҷаи тирпарронӣ бо нерӯҳои ҳиндӣ ду сарбози ин кишвар кушта шудаанд.

Нерӯҳои Ҳинду Покистон дар хатте, ки Кашмирро байни ду кишвари рақиб ҷудо мекунад, ба зидди якдигар аз тӯпхона тир холӣ карданд. Деҳлӣ ва Исломобод якдигарро ба оғози ин кор муттаҳам мекунанд.

Пеш аз ин як афсари пулиси Ҳинд рӯзи шанбе гуфт, дар минтақаи Кришна Гатӣ шаби гузашта нерӯҳои Покистон тирпарронӣ карданд, ки дар натиҷа як зани 24-сола, писари панҷсола ва духтари нуҳсолаи ӯ кушта шуданд.

Нерӯҳои Ҳинд мегӯянд, баъд аз ин ҳамла онҳо оташи ҷавобиро оғоз карданд. Аз тарафи дигар, як мақоми Покистон бо номи Умар Аъзам изҳор кард, ки ҳамла аз аввал тарафи сарбозони ҳиндӣ дар хатти зери назорати онҳо сурат гирифт, ки дар натиҷа як писар ва се нафари дигар захмӣ шуданд.

Ба қавли ӯ, Покистон дар ҷавоби ин ҳамла оташро ба самти муқобил оғоз кард.

Ҳинду Покистон иддао доранд, ки ҳокимияти комил ба Кашмир ҳаққи онҳост.

XS
SM
MD
LG