Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон ба вазири собиқи хориҷии Тоҷикистон орден дод


Талбак Назаров
Талбак Назаров

Ҳукумати Ҷопон ба Талбак Назаров, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон, "барои саҳмаш дар рушди муносибатҳои ду кишвар" ордени "Тулӯи офтоб" (дараҷаи I) додааст.

Маросими тақдими ҷоиза рӯзи 2-юми март дар қароргоҳи Ҳаҷимэ Китаока, сафири Ҷопон дар Душанбе баргузор шуд. Орденро императори Ҷопон Акихито тасдиқ кардааст.

Талбак Назаров дар ҳоли ҳозир раиси Фонди хайрияи Тоҷикистон аст, ки соли 1997 таъсис шуда, асосан барои мардуми аз офатҳои табиӣ зиёндида кумак мекунад.

Ӯ 77-сола аст ва аз соли 1994 то 2006 ба ҳайси вазири умури хориҷии Тоҷикистон кор кардааст. Дар гузашта раиси Донишгоҳи миллӣ, вазири маориф, ноиби президенти Академияи илмҳо ва роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон буд.

Робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Ҷопон соли 1991 оғоз шуд ва ин кишвар то кунун дар кишвар садҳо барномаи хурду бузурги иҷтимоиро иҷро кардааст. Муҳимтарини онҳо навсозии роҳи Қӯрғонтеппа (Бохтари ҳозира)−Панҷи Поён ва сармоягузории сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе аст.

XS
SM
MD
LG