Мақомоти Арабистони Саудӣ Ҳамза бин Лодин, писари Усома бин Лодин, раҳбари пешини гурӯҳи террористии "Ал-Қоида"-ро аз шаҳрвандӣ маҳрум кардаанд.
Қарори Вазорати корҳои дохилии Саудӣ дар ин бора рӯзи 1-уми март дар нашрияи давлатии он кишвар чоп шуд.
Риёз дар мавриди он ки чаро Ҳамзаро аз тобеияти ин кишвар хориҷ кард, шарҳ надодааст. Аммо мақомоти Саудӣ гуфтаанд, ин тасмим ҳанӯз дар моҳи феврал гирифта шуда буд ва ҳоло эълон шуд.
Масъулони Департаменти давлатӣ ё Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи панҷшанбе гуфтанд, мақомоти ИМА барои иттилоъ дар бораи макони Ҳамза бин Лодин 1 миллион доллар ҷоиза медиҳанд. Дар Амрико ба ин боваранд, ки ӯ яке аз раҳбарони асосии “Ал-Қоида” аст.
Ҳамзаи сисола дар як паёми аудиоӣ дар соли 2016 гуфта буд, ки интиқоми падарашро аз Амрико меситонад.
Усома бин Лодин, раҳбари собиқи гуруҳи террористии “Ал-Қоида” моҳи майи соли 2011 аз тарафи нерӯҳои вижаи Амрико дар ҳудуди Покистон кушта шуд.