Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари духтаре, ки латту кӯб шуд: "Бори чандум аст, ки ӯро мезанад"


Хуршед Азизов ба авбошӣ муттаҳам аст
Хуршед Азизов ба авбошӣ муттаҳам аст

Гумонбар ба латту кӯби бераҳмонаи як духтар дар маркази шаҳри Душанбе, ки видеояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тундро ба вуҷуд овард, дастгир шудааст. Дар Раёсати корҳои дохилии пойтахт рӯзи 2-юми март гуфтанд, ки ҷавони боздоштшуда Азизов Хуршед Абдунаимовичи 23-сола аст ва ба зидди ӯ бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

  • Ӯ бар асоси қисми дуи моддаи 237-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам аст, ки аз 55 то 110 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то панҷ соли маҳрумӣ аз озодиро дар назар дорад.
Мегӯям, ки аз болояшон нависам, духтар розӣ нест. Ҳатто ба тарафи милисаҳо мегӯяд, ки нарасед. Гӯиё якдигарро дӯст медоранд. Вай чанд дафъа аст, ки духтарамро мезанад. Ман ҳам ғурури мардӣ дорам, дигар тоқат намекунам

​Азизов дар боздоштгоҳи муваққатии Раёсати корҳои дохилии пойтахт нигаҳдорӣ мешавад. Дар аксҳое, ки мақомот нашр карданд, ӯ дар паси панҷара ва дар даст завлона тасвир ёфтааст. Хуршед Азизов соли 2012 низ бо иттиҳоми авбошӣ дастгир шуда буд.

Навори латту кӯби як духтар дар Душанбе шаби якуми март аз тарафи корбарони "Фейсбук" нашр шуд. Дар навор дида мешавад, як ҷавон духтареро аз бордони мошин поин оварда, латту кӯб мекунад ва боз дубора ба мошин зӯран савор менамояд. Дар паҳлӯи ӯ дастикам чаҳор ҷавони дигар истодаанд.

Ҳодиса дар назди тарабхонаи "Галакси"

Навор аз ҷониби роҳгузаре сабт шудааст ва дар он садои нолаи духтар хуб шунида мешавад.

Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе тасдиқ мекунанд, ки баъди ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтани навор зуд ба таҳқиқи ҳодиса оғоз карданд ва он дар давоми ду соат ошкор шуд. Ҳодиса субҳи барвақти якуми март дар назди тарабхонаи “Галакси” рух додааст.

Хуршед Азизов
Хуршед Азизов

Мақомот ҳодисаро “дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ” ва “беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият” номиданд. “Хуршед Азизов дар назди тарабхонаи “Галаксӣ” ба духтари 23-сола, ки бо ҳам шинос буданд, дарафтода ва ӯро бо зӯрӣ ба бағоҷи мошини “Тойота-Кемрӣ” андохтанӣ мешавад ва мавриди латту кӯби шадид қарор медиҳад”, - гуфтанд дар дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии Душанбе.

Пулис мегӯяд, ин ҷавон баъдан духтарро аз бағоҷ ё бордони мошин берун оварда, “ба узвҳои муҳимаш бо дасту пой задааст.”

"Духтар гуфт, даъво надорад"

Як манбаи огоҳ рӯзи 2-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷабрдида Малика Соҳибназароваи 23-сола буда, дар Душанбе иҷоранишин аст. "Духтар дӯстдоштааш будааст ва ҳарду ҳам бекор ҳастанд", - афзуд ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш бурда шавад.

Дар ҳамин ҳол, Малика Соҳибназарова рӯзи дувуми март дар суҳбат бо хабарнигорони мо гуфт, нисбат ба ҷавон ягон шикоят надорад. Соҳибназарова гуфт, шаби гузашта ҳамроҳи Хуршед Азизов дар идораи милиса буд ва ба мақомот низ айни гапро гуфтааст. Ӯ дар шаҳри Душанбе ҳамроҳи хонаводааш зиндагӣ мекунад ва суҳбати мо бо ӯ дар манзили иҷораашон сурат гирифт.

Малика дар шарҳи ин ки чаро Хуршед Азизов ӯро латту кӯб кард, гуфт: "Бе пурсиш ба берун баромадам, барои ҳамин маро зад. Соати 6-и субҳ аз хонаи дугонаам ба сайругашт баромадам. Назди тарабхонаи “Галакси” рафтам, ки онҳо аз онҷо баромаданд."

"Дигар тоқат карда наметавонам"

Имомназар Соҳибназаров
Имомназар Соҳибназаров

Духтар зиёд моил набуд, ки дар бораи ҳодиса суҳбат кунад. Дар лаҳзаҳое, ки мо дар манзили зисти онҳо будем, Малика Соҳибназарова ҳатто бо волидонаш муноқиша дошт, ки аз рӯи Хуршед Азизов ба пулис шикоят накунанд.

Волидони Малика Соҳибназарова мегӯянд, бори аввал нест, ки ӯ аз тарафи Хуршед Азизов латту кӯб мешавад. Имомназар Соҳибназаров, падари Малика дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қаблан низ Хуршед Азизов духтарашро латту кӯб кардааст. Соҳибназаров гуфт, бо ин ҷавон ягон робитаи хешутаборӣ надорад ва Хуршед бо духтараш чанд сол аст, ки “шинос ҳастанд”.

“Мегӯям, ки аз болояшон нависам, духтар розӣ нест. Ҳатто ба тарафи милисаҳо мегӯяд, ки нарасед. Гӯиё якдигарро дӯст медоранд. Вай чанд дафъа аст, ки духтарамро мезанад. Ман ҳам ғурури мардӣ дорам, дигар тоқат намекунам,” - афзуд ҳамсуҳбати мо.

"Агар дӯст медорад, оиладор шавад"

Наздикони Малика Соҳибназарова гуфтанд, чанд дафъа ба Хуршед Азизов пешниҳод кардаанд, агар духтарашонро дӯст медорад, бигзор бо ӯ оиладор шавад. Аммо ба гуфтаи наздикони Малика, ҷавон ин дархости онҳоро иҷро накардааст.

Мақомоти пулис мегӯянд, сарфи назар аз ин ки духтар даъво надорад, гумонбар дастгир шуда, бояд барои авбошӣ муҳокима шавад. Талошҳои мо барои пайдо кардани наздикони Хуршед Азизов бенатиҷа буд ва маълум нест, ки онҳо дар ин маврид чӣ назар доранд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз онҳо гоҳе хабарнигорони мардумӣ ном бурда мешавад, даҳҳо мавриди авбошӣ, ришвагирии нозирони роҳ, дашному таҳқири духтарон ва нақзи қоидаву қонунҳоро бо аксу навор ба мақомот ошкор кардаанд.

"Агар роҳгузарон навор намегирифтанд, чӣ мешуд?"

Соли гузашта дар пайи маъракаи нашри аксу видео аз лаҳзаҳои таҳқири духтарон, беҳурматӣ ба сокинон ва нақзи қоидаи роҳ дар пойтахту минтақаҳои дигар чанд нафар як муддат паси панҷа рафта, ба корҳои ислоҳӣ, аз ҷумла шустани фарш маҷбур шуданд.

Аммо баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ин ҳодисаҳо бахше аз “беназмӣ”-ҳое ҳастанд, ки тасодуфан ба дурбини сокинон афтода ва ба дасти мақомот мерасанд. Онҳо мегӯянд, дар аксар кӯчаҳои Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб шудааст ва набояд ҳодисаҳо аз назари мақомот пинҳон ва муттаҳамон бе ҷазо бимонанд. Дурбинҳое, ки ба гуфтаи онҳо аз чандсад метр хатои ронандаҳоро мебинанд ва ҷарима мебанданд, вале ончи дар атроф мегузарад, ё намебинанд, ё чашм мепӯшанд.

XS
SM
MD
LG