Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА барои маълумот дар бораи писари бен Лоден $1 миллион ваъда дод


Ҳамза бин Лоден
Ҳамза бин Лоден

Мақомоти ИМА барои маълумот дар бораи макони будубоши Ҳамза бин Лоден - писари Усома бин Лоден, раҳбари пешини созмони террористии "Ал-Қоида", 1 миллион доллар ваъда кардаанд. Дар ин бора рӯзи 28 феврал дар саҳифаи Департаменти давлатӣ хабар пахш шуд.

Тавре дар хабар омадааст, Ҳамза бин Лоден моҳи августи соли 2015 бо пахши як навори аудиоӣ дар интернет аз тарафдоронаш даъват кард, ки ба ИМА ва шарикони ғарбии он ҳамла кунанд. Ӯ таҳдид кард, барои падараш, ки ӯро сарбозони амрикоӣ куштанд, интиқом меситонад.

Моҳи январи соли 2017 ИМА алайҳи Ҳамза бин Лоден таҳрим ҷорӣ кард. Вашингтон бар ин назар аст, ки фаъолиятҳои писари бин Лоден ба амнияти Амрико таҳдид мекунад. Ба маълумоти Департаменти давлатӣ, Ҳамза бин Лоден соли 2015 расман ба "Ал-Қоида" ворид шуд. Баъди як сол ба ҷанги зидди ИМА даъват кард.

Созмони террористии "Ал-Қоида" масъулияти ҳамлаи 11 сентябри соли 2001 ба Амрикоро бар дӯш гирифт. Он замон ҷангиёни ин гурӯҳ чаҳор ҳавопайморо рабуданд ва ба Маркази тиҷоратӣ дар Ню Йорк, Пентагон саҳрое дар Пенсилвания ҳамла бурданд. Дар ин ҳамла наздик ба 3 ҳазор нафар кушта шуд. Раҳбари созмони Усома бин Лоден "террористи рақами 1" эълон шуд ва Амрико барои сари ӯ 50 миллион доллар ваъда кард. Усома Бен Лоден соли 2011 дар пайи амалиёти нерӯҳои вежаи ИМА дар Покистон кушта шуд.

XS
SM
MD
LG