Конгресси ИМА тарҳи қонунеро баррасӣ мекунад, ки ба истихбороти Амрико дастур медиҳад дар бораи дороиҳои президенти Русия Владимир Путин маълумот ҷамъ кунад. Ин санад, ки бо ибтикори узви Конгресс аз Ҳизби Демократ Валдис Деминг ва ҷумҳурихоҳ Элис Стнефаник таҳия шудааст, дар саҳифаи Деминг нашр шуд. Ба гуфтаи муаллифони тарҳи қонун, ҳукумати Русия коррупсияро ҳамчун абзори нигаҳдории қудрат ва заъиф кардани режимҳои демократӣ истифода мекунад.
"Беҳтарин роҳ ҳамла ба ҳукумати Путин ва шириконаш ва пайгирии мавҷи пулҳои ғайриқонунии пинҳонӣ аст, ки амалиёти онҳоро сармоягузорӣ мекунад",- гуфт Деминг. Тарҳи қонун ёдрас мекунад, ки Русия ба дахолат ба сохторҳои демократии ИМА муттаҳам мешавад.
Санад ба ҷомеаи истихбороти Амрико - 16 ниҳоде, ки ба ҷамъоварии маълумоти истихборотӣ машғул аст, пешниҳод мекунад, ки манбаҳои бой шудани атрофиёни Путин ва шахсан худи ӯро пайгирӣ ва мушаххас кунад, ки кадом олигархи рус "таҷрибаҳои коррупсионии Владимир Путин"-ро осон мекунад.
Моҳи январи соли 2018 Вазорати молияи ИМА "гузориши Кремлин"- рӯйхати афроди наздик ба президенти Русия Владимир Путинро нашр кард, ки метавонанд таҳти таҳрими Амрико қарор бигиранд. Ба ин феҳраст 210 нафар, бо шумули ҳамаи аъзои ҳукумати Русия, кормандони маъмурияти президент, ширкатҳои давлатӣ, раҳбарони вазоратҳои қудратӣ ва олигархҳо шомил ҳастанд.
Моҳи июли соли 2017 раҳбари бунёди Heritage Capital Уилиям Браудер ҳангоми сӯҳбат дар кумитаи Сенати ИМА гуфт, ки Владимир Путинро сарватмандтарин одами ҷаҳон арзёбӣ мекунад. Броудер, ки дар Русия ба ҷиноятҳои молӣ муттаҳам шуд, дороиҳои Путинро $200 миллиард шумурдааст.
Биноба маҷаллаи Forbes соли 2017 дороиҳои Кирилл Шамолов - домоди президенти Русия Владимир Путин, ба $1,3 миллиард баробар буд. Дертар Bloomberg хабар дод, ки Шамолов аз духтари Путин ҷудо шудааст.