Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон ду сарнишини ҳиндуро асир гирифт


Яке аз сарнишинҳои ҳавопаймои Ҳиндустон
Яке аз сарнишинҳои ҳавопаймои Ҳиндустон

Мақомоти Покистон субҳи 27-уми феврал аз сарнагун кардани ду ҳавопаймои низомии Ҳиндустон хабар доданд. Яке аз ҳавопаймоҳо дар ҳудуди Кашмир ва дувумӣ дар Ҳимолойи Ҳиндустон суқут кард.

Ба гуфтаи мақомоти Покистон, ду сарнишини ҳинду ба асорат афтодаанд, ки якеашон ҳоло дар беморхона бистарӣ аст.

Низомиёни Ҳиндустон низ аз ин пештар тасдиқ карданд, ки як ҳавопаймои низомии онҳо дар минтақаи баҳсии миёни ин кишвару Покистон – Кашмир суқут кардааст.

Ҳиндустон пас аз суқути ҳавопаймоҳояш дасти кам чаҳор фурудгоҳро дар марз бо Покистон баст. Чину Амрико Ҳиндустон ва Покистонро ба хештандорӣ даъват карданд. Намояндаи Толибон дар навбати худ гуфт, низои ду кишвар метавонад ба раванди гуфтугӯи сулҳи Афғонистон таъсири манфӣ расонад.

Нирӯҳои ҳавоии Ҳиндустон субҳи 26-уми феврал бахши покистонии Кашмирро ҳадаф қарор доданд. Ба иттилои хабаргузории ANI, 12 ҳавопаймои "Мираж 2000С"-и Ҳиндустон гӯё ба пойгоҳи ҷангҷӯёни гуруҳҳои террористии "Артиши Муҳаммад" ва "Ҳизби Муҳаммад" бомба афканда, онро пурра маҳв карданд.

"Дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии Ҳиндустон пойгоҳҳои террористии Балакот, Чакотӣ ва Музаффаробод пурра маҳв шуданд", - навиштааст ANI.

Вазири умури хориҷии Ҳиндустон Виҷай Гокхале гуфт, ҷангҷӯён ба ҳамлаҳои нави террористии зидди кишвараш омодагӣ медиданд ва зарбаҳои ҳавоӣ низ барои пешгирӣ аз ин ҳамлаҳо анҷом дода шуд. Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи зарбаҳо шумори зиёди ҷангҷӯён бо шумули фармондеҳонашон кушта шудаанд.

Вале мақомоти Покистон гуфтанд, дар минтақае, ки ҳадафи зарбаҳои нирӯҳои ҳавоии Ҳиндустон қарор гирифт, ягон пойгоҳи террористӣ вуҷуд надошт ва касе ҳам ба ҳалокат нарасидааст. "Ҳеч гуна талафоти инсоние ба қайд гирифта нашудааст", - гуфт сухангӯи Нирӯҳои ҳавоии Покистон генерал-майор Азиф Ғафур.

XS
SM
MD
LG