Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки бинобар таниш миёни Ҳинд ва Покистон, убуру мурури ҳавопаймоҳои кишварҳои дигар аз ҳарими ҳавоии Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.
Тайи се рӯзи гузашта дар минтақаи Кашмир миёни Ҳинд ва Покистон даргириҳо идома дорад ва ҷонибҳо иддао карданд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии якдигарро низ сарнагун кардаанд.
Шуморе аз кишварҳо ва ширкатҳои ҳавонавардӣ парвозҳои худ ба Покистонро ба таври муваққатӣ қатъ карданд.
Масъулони Раёсати авиатсияи граждании Тоҷикистон рӯзи 28-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "бинобар маҳкам шудани фазо хатсайрҳое, ки аз ҳарими ҳавоии Тоҷикистон убур мекарданд, равуо барои як мӯҳлати муайян кам шуд".
Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳам рӯзи 28-уми уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, бинобар таниши бамиёномада дар минтақа, ҳавопаймоҳои кишварҳое, ки аз ҳарими ҳавоии Тоҷикистон убур менамуданд, кам ва дар бархе ҳолатҳо муваққатан манъ шуд.
Ба гуфтаи оқои Ганҷалзода, ин хатсайрҳо имкон дорад масири ҳаракаташонро иваз кунанд. Тавре ин масъули вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ҳавопаймоҳои Русия, Олмон ва кишварҳои дигар аз ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ба ҷануб-шарқи Осиё парвоз мекунанд.
Расонаҳои Русия ҳам навиштанд, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Русия дастур гирифтаанд, ки ҳангоми тарҳрезии парвозҳо, масъалаи қатъ шудани ҳарими ҳавоии Афғонистону Покистон ва Ҳиндро ба эътибор гиранд.
Қаблан миёни Тоҷикистон ва Покистон парвозҳои мустақим вуҷуд дошт ва "Сомон Эйр" ба шаҳри Лоҳур парвозҳо анҷом медод, аммо бинобар набуди мусофирон, парвозҳо дар ин хатсай қатъ шуд. То чанд моҳи пеш "Тоҷик эйр" ба Деҳлӣ парвозҳо анҷом медод, аммо зоҳиран пас аз рӯбарӯ шудани ин ширкат бо мушкили молӣ, ин парвозҳо ба пойтахти Ҳинд низ қатъ шудаанд.
Идораи авиатсияи граждании Афғонистон ҳам гуфтааст, то замоне, ки танишҳо миёни Покистон ва Ҳинд аз байн наравад, парвозҳо миёни Кобул ва Деҳлӣ мутаваққиф хоҳад буд. Ба гуфтаи мақомоти афғон, рӯзи чаҳоршанбе Покистон ба як ҳавопаймои ширати "Kam air", ки аз Кобул ба сӯи Деҳлӣ парвоз карда буд, иҷозаи парвоз бар ҳарими ҳавоиашро надод. Мақомҳои афғон гуфтаанд, ки имкон дорад, ки парвозҳо ба Ҳиндро тариқи фазои Эрон аз сар бигиранд. Аммо ин масир ба ҷои 2 соат парвоз фазои Покистон, 5 соатро дар бар хоҳад гирифт.
Дар пайи танишҳо байни Исломобод ва Деҳлӣ, Покистон рӯзи чаҳоршанбеи 27-уми феврал эълон кард, ки ҳарими ҳавоии худро ба рӯи ҳама ҳавопаймоҳои низомӣ ва ғайринизомӣ бастааст. Созмони ҳавонавардии Покистон ба ҳама ширкатҳои ҳавоии ин кишвар хабар додааст, ки ба таври муваққат ҳамаи парвозҳои худро дар Покистон лағв кунанд.
Ин тасмим пас аз он гирифта шуд, ки Покистон эълон кард як ҳавопаймои нерӯҳои ҳавоии Ҳиндро рӯзи чаҳоршанбе дар ҳарими ҳавоии худ сарнагун кард ва ду халабони ҳиндиро боздошт намуд. Ҳинд ҳам сарнагунии яке аз ҳавопаймоҳои ҷангии худ дар хоки Покистон таъйид кард ва гуфт, ки як халабони худро аз даст додааст. Дар ҳамин ҳол, тибқи гузоришҳо дастикам панҷ фурудгоҳи Ҳинд низ фаъолияти худро ба таври муваққатӣ қатъ кардаанд ва шумораи зиёде аз парвозҳо дар ин кишвар лағв шудаанд.
Шумораи зиёде аз кишварҳо ва ширкатҳои ҳавонавардӣ парвозҳои худ ба Покистонро мутаваққиф намуданд. Аз ҷумла ширкатҳои ҳавонавардии "Emirates", "Gulf", Air Canada, British Airlines, Qatar Airlines, Airflot, ширкатҳои ҳавоии Сингапуру Тайланд ва бархе дигар аз ширкатҳо, ки ба Покистон парвозҳо анҷом медиҳанд ё аз ҳарими ҳавоии он убур мекунанд, низ парвозҳояшонро мутаваққиф кардаанд.
Аз ба истило ,,хукумати худкомаи,, Точикистон гуе ки фирор карданд ва озими Европа мешаванд. Вале аз нияту, маром ва максадхои нопокашон хеч вакт даст намекашанд. Инхоро агар ба Мох ва е Миррих хам одам равон кунад аз мафкураи танги Дини даст нахоханд кашид. Чунки ба шайтон байхат кардаанд ва фикрашон на Инсондусти ва Зиндаги балки факат намоз хондану чиходу катлу куштори инсон он хам бошад ба номи Аллох ва Исломи худашон. Чояшон факат зиндон аст ва е гуристон.
Аҷиб, бемории COVID-19 дар Тоҷикистон набошад пас 2 миллион ваксина барои чи лозим? Агар ин қадар истеҳсолот зиёд шуда бошад пас чаро буҷаи давлатӣ кам баромад? Агар ин қадар ҷойҳои кории нав ташкил шуд, чаро сафи бекорон ва камбизоатӣ зиёд шуд? Истеҳсоли барқ зиёд шуда бошад чаро лимити шадид дар тамоми Тоҷикистон? Умуман ин қадр пешрафту комёбиҳои зиёд шуда бошад чи лозим боз қарз мегиранд аз ташкилотҳои молиявии хориҷӣ? Чаро ягон сухани гуфта шуда дар ҳает ҳақиқат надорад ё баракс аст? .
Дар бораи нарх : !!!!!! Чихел намефахмед ??? Иктисоди бозаргони, давлат ба нарх дахолат намекунад, Умуман минталитети мардуми мо то хол ба СССР монандаст, бояд хаммакорро давлат кунал, чои кор дихад, заводу фабрика созад, нархи арзон дихад, як савол , аз кучо??? 9000000 мардум факат аз гиребони давлат. Барои мисол: Амрикоро давлат бой накардааст, мардумаш талош карданд, хонданд, босавод шуданд, Apple, Microsoft, Boeing, долар, интернет, GM, Tesla, Ford, Cadillac, Биржа, ООН, ЮНИСЕФ, Macdonalds, KFC, NIKE, SpaceX, NATO боз чандин бренхои дигар. ! Ягонтаи инро давлат насохтаас! Аз пушти инхо давлат бой шуд. Дар Точикистон ягон падару модар ба таълими фарзандаш ахамият намедихад, барои он ки худащ бесавод аст, бесавод калон мешавад, гиребони давлатро мегирад, Давлат вазифааш таъмини сулху бехатари ва отношении хуб бо давлахои хорича мебошад. Барои хамин мо бояд идеае ё коре кунем ки давлат аз пушти мо бой шавад. Пушида нес Точикистон уммуман бойгари надорад, ба монанди нефт, газ, тилло... Барои хамин мардум!: худ бояд аз паи фикру допишу навигари шавед. Як бор фикр кунед! Мо хаммамон бесавод хастед. Ин хуб нес, ки худ аз дастат чизе намеояду гиребони як каси дигарро мегири ки хаммаи чизро бароят мухаё кунад, ин нодуруст аст. Бесаводистон
Охир то кая мардумро фиреб мекунед шарм кунед камтарак не чойи кору не пулу не мол ба хама аз муаллиму донишчу ректор зулм кардан бас аст ин Халк 1 мох баьд бинед чи ходиса мешавад ба ин бекори
Демократияву адолати аврупои ана инро мегуянд! Дар мо барои як лайк ё коммент аз 10 то 15 соли умри чавонои нозанина паси панчара бурданд. Гур дар сари шуравиву чахони рус! Хама вахшигариву, хашму нодурустихо аз хамонхо ба мо меърос мондааст. Мо точикон бештар бояд бо Аврупо равобити хуб баркарор кунем, на барои кор, балки барои тахсилот. Насихат барои чавонои хунгарм. Мухочирон дар Хабаша беодоби намекарданд! Лутфан одобу ахлоки накуро пеша кунед!