Рақиби дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, дар марҳилаи плей-оффи Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2019 тими “Аҳал”-и вилояти Аҳал, ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Туркманистон, гардид.
“Аҳал” аз рӯи натоиҷи ду бозӣ дар даври муқаддамотии Ҷоми AFC бар дастаи «Олой»-и Ӯш, ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Қирғизистон, бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Бозии аввал 20-уми феврал дар шаҳри Ӯши Қирғизистон бо ҳисоби 2:1 ба нафъи меҳмонон анҷом ёфт. Дар бозии ҷавобӣ низ футболбозони туркман 27-уми феврал дар шаҳри Ишқобод бо ҳисоби 1:0 ғолиб омаданд.
Нахустин бозии “Хуҷанд” бо тими “Аҳал” дар доираи плей-оффи Ҷоми AFC-2019 рӯзи 6-уми март дар шаҳри Ишқобод баргузор мешавад. Бозии ҷавобӣ 13-уми март дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад.
Дар сурати пирӯзӣ дар бозиҳои плей-офф муқобили тими “Аҳал” дастаи “Хуҷанд” ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2019 роҳ пайдо мекунад ва дар даври аввали минтақаи Шарқӣ рӯзи 3-юми апрел дар меҳмонӣ бо тими “Истиқлол”-и Душанбе бозӣ хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, «Истиқлол», қаҳрамони Тоҷикистон, ки рӯзи 12-уми феврал дар бозии марҳилаи дувуми муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2019 аз тими мизбон – АГМК-и Олмалиқ, барандаи Ҷоми Узбекистон, бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд, аз ҳаққи идомаи мубориза ба сабқати гурӯҳӣ маҳрум гашт.
Ҳамакнун "Истиқлол" ширкати худро дар Ҷоми AFC дар минтақаи Марказӣ идома медиҳад. Қаҳрамони Тоҷикистон дар гурӯҳи "D" бо дастаҳои "Дордой" (Қирғизистон), "Олтин Асир" (Туркманистон) ва ғолиби плей-офф - “Аҳал” (Туркманистон) ё “Хуҷанд” (Тоҷикистон) - рақобат мекунад.
Дар ҳамин ҳол ҷамъомади таълимиву тамринии бошгоҳи футболи “Хуҷанд” бо раҳбарии сармураббӣ Нуъмонҷон Юсупов дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷараён дорад. “Мо мақсад дорем, ки дар бозиҳои плей-офф пирӯз шуда, ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AФК роҳ пайдо кунем. Бинобар ин, ҳайати дастаро пурқувват карда, боз якчанд бозигари моҳирро аз бошгоҳҳои хориҷӣ ва дохили кишвар даъват намудем”, - гуфт дар суҳбат бо Радиои Озодӣ Нуъмонҷон Юсупов.
Дар ҳайати дастаи “Хуҷанд” якчанд бозигари нав, ба мисли дарвозабони 27-солаи гурҷӣ Давид Купатадзе аз бошгоҳи «Самтредия»-и лигаи олии Гурҷистон, ҳимоятгари 27-солаи узбек Асилҷон Бегимқулов, дастпарвари бошгоҳи «Согдиана», ки инчунин дар дастаҳои «Нурафшон»-и Бухоро ва «Машъал»-и Муборак бозӣ кардааст, ҳамлагари 31-сола Дилшод Восиев аз дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ҳамлагари 29-солаи тими мунтахаби миллии Қирғизистон Турсуналӣ Рустамов аз бошгоҳи “Олға”-и Бишкек ва дигарон тамрин карда, ба бозиҳои плей-оффи Ҷоми AFC-2019 муқобили тими “Аҳал”-и Туркманистон омодагӣ мебинанд.
Ҷоми AFC-2019
Минтақаи марказӣ
Марҳилаи пешакӣ. Бозии ҷавобӣ
«Аҳал» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон) — 1:0
Бозии аввал — 2:1.
Плей-офф. Бозии аввал
6 март (чоршанбе)
«Аҳал» (Туркманистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)
Плей-офф. Бозии ҷавобӣ
13 март (чоршанбе)
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) — «Аҳал» (Туркманистон)