Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ветнам мизбони мулоқоти Трамп ва Ким шуд


Президенти ИМА Доналд Трамп ва раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун дар остонаи шурӯи ҳамоиши дурӯза дар пойтахти Ветнам ҳамдигарро шодбош гуфтанд. Дар ин ҳамоиш қарор аст масъалаи барномаи ҳастаӣ ва мушакии Пхенян мавриди баррасӣ қарор гирад.

Дар лаҳзаи шодбош, ки дар меҳмонхонаи панҷситорадори Sofitel Legend Metropole дар шаҳри Ҳаной ҷараён гирифт, ду раҳбар дасти ҳамдигарро фишурда ба ҳам табассум карданд. Қарор аст ду раҳбар дар ҳузури мушовиронашон инчунин як ғизои шоме ҳам бихӯранд.

Трамп дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки бовар дорад музокироти онҳо “муваффақиятомез” мегузарад ва худи ӯ дар “масъалаи халъи силоҳи ҳастаӣ” фикрашро тағйир доданӣ нест.

Ким Чен Ун ҳам изҳори хушбинӣ кард ва гуфт, ки бовар дорад “натиҷаҳои ин музокирот мавриди истиқболи ҳама мардум мешавад”. Вай гуфт, “тамоми талошамро ба харҷ медиҳам, ки натиҷаи хубе ба даст ояд”.

Трамп талош дорад бо Ким, ки бо сиёсати диктаторӣ ва саркӯби мардум ва озодиҳояш маъруф буда баробар бо ин дорои силоҳи ҳастаӣ мебошад, созиш кунад.

Ин дуюмин мулоқоти ду раҳбар аст. Нахустин дидори таърихии миёни президентони ИМА ва Кореяи Шимолӣ моҳи июни соли 2018 дар Сингапур баргузор шуда буд. Вале аз он замон то кунун дар равобити ду ҷониб пешрафти андаке мушоҳида шудааст.

Трамп дар ҳавопаймои ширкати Air Force One вориди Ҳаной ва Ким савори қатори махсуси амниятӣ дар давоми се шабонарӯз ва дар паи як сафари 3-ҳазоркилометрӣ, тавассути хоки Чин вориди пойтахти Ветнам шуд.

Пеш аз тарки Вашингтон, Трамп дар саҳифаи худ дар Twitter навишт: “Дар паи анҷоми барномаи халъи силоҳ, Кореяи Шимолӣ базудӣ ба як қудрати иқтисодӣ табдил мешавад. Вагарна вазъият тағйир намеёбад. Раҳбар Ким як қарори оқилона қабул мекунад”.

Рӯзи 25 феврал дар ҷараёни мулоқот бо раҳбарони аёлатҳои кишвар дар Кохи Сафед, Трамп пешгӯӣ кард, ки ин “як ҳамоиши хеле азим” хоҳад буд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG