Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Британия зинда будани Скрипалҳоро таъид кард


Сафорати Британия дар Маскав

Сафири Британия дар Русия Лори Бристоу дар сӯҳбат бо хабаргузории "Интерфакс" зинда будани Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлияро тасдиқ кард. Дипломати британиявӣ ҳамчунин гуфт, ки дахости Русия барои мулоқот бо Скрипалҳо ба онҳо супурда шуд. Ба ин тартиб, сафири Британия ба изҳороти сафорати Русия дар Лондон вокуниш нишон дод, ки гуфтааст наметавонад зинда будани Скрипалҳоро "таъид кунад".

Лари Бристоу гуфт, ки агар Скрипалҳо хоҳиши бо намояндагони дипломатии Русия мулоқот кардан дошта бошанд, ҷониби Британия чунин шароитро фароҳам месозад. Агар чунин хоҳиш набошад, гуфт сафир, ҷониби Британия наметавонад ин мулоқотро ба Скрипалҳо таҳмил кунад. Бристоу тасдиқ кард, ки Сергей Скрипал ва духтари ӯ дар ҷойи амн қарор доранд. "Талош карданд, ки онҳоро бо истифода аз гази фалаҷкунандаи асаб ба ҳалокат расонанд. Мо вазифадорем, ки аз онҳо ҳимоят кунем",- гуфт сафир.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки Британия ба таҳқиқи муштараки қазияи Скрипалҳо якҷо бо Русия манфиатдор нест.

"Мо боварр дорем, ки медонем ин одамҳо кӣ буданд. Мо ҳамчунин бовар дорем, ки Русия низ ин одамҳоро медонад. Агар Русия дар бораи даст доштанаш ва ё даст доштани нафаронаш ба мо маълумот бидиҳад, мо аз ин истиқбол мекунам, аммо намехоҳем бо онҳо таҳқиқоти муштарак анҷом диҳем",- гуфт Лори Бристоу ба хабаргузории "Интерфакс".

Сергей Скрипал- корманди пешини идораи истихбороти Русия, ки Маскав ӯро ба ҷосусӣ муттаҳам карда буд, ва духтари ӯ Юлия моҳи марти соли 2018 дар як боғи шаҳри Солсберии Британия дар ҳоли беҳушӣ пайдо шуданд. Онҳо чандин моҳ дар бемористон таҳти назорати табибон буданд.

Британия борҳо гуфтааст, ки ҳамла ба Скрипалҳо кори дасти Русия аст ва гази фалаҷкунандаи асаб -"Новичок" дар Иттиҳоди Шӯравӣ истеҳсол мешуд.

XS
SM
MD
LG