Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Дар шаш соли ҷангҳои Украина 13 ҳазор нафар кушта шуд


Комиссионери олии СММ оид ба ҳуқуқи башар дар як гузориши худ аз рӯзи 25 феврал навишт, ки аз замони оғози низоъҳои мусаллаҳона дар шарқи Украина - апрели соли 2014 ҳудудан 13 ҳазор нафар кушта шудааст. Чоряки қурбониҳо сокинони мулкӣ мебошанд ва 30 ҳазор нафари дигар аз оташи ҷанг ҷароҳат бардоштаанд. Як нусхаи гузориши СММ дирӯз дастраси Радиои Озодӣ шуд. Дар маҷмӯъ, дар натиҷаи муқовиматҳои мусаллаҳонаи нирӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоиталабон дар шарқи Украина 3300 сокини мулкӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки бо гузашти тахминан шаш сол аз шурӯи ҷангҳо, пешравии андаке дар амри расидан ба оташбас ва иҷрои созиши сулҳи Минск ҳосил шудааст. Дар гузориши СММ гуфта мешавад, ки дар муддати ҷангҳо дар маҷмӯъ 40 то 43 ҳазор хисороти марбут ба ҷанг ба қайд гирифта шуда, шумори қурбониҳо аз 14 апрели соли 2014 то 31 январи соли 2019 ба 13 ҳазор нафар наздик шудааст.

Дар гузориш мусофирони ҳавопаймои MH17-и ширкати Малайзия ҳам ба унвони қурбониҳои низоъҳои мусаллаҳонаи Украина ёд шудаанд. Дар ҳодисаи суқут дода шудани ҳавопаймои мусофирбар рӯзи 17 июли соли 2014 - 298 сарнишини ҳавопаймои мулкӣ ҷони худро аз даст доданд. Ин ҳавопаймо аз Амстердам ба Куала Лумпур парвоз мекард. Тими байналмилалии таҳқиқотии Ҳолланд гуфт, ки ин ҳавопаймо аз қаламрави таҳти контроли ҷудоиталабон бо истифода аз мушаки навъи “Бук” ҳадаф қарор дода шуд. Худи мушакандоз аз Русия вориди хоки Украина шуда, баъдан дубора ба Русия баргардонида шуд. Дар санади СММ гуфта мешавад, ки аз миёни низомиён дар ҷангҳои шаш соли охир 4 ҳазор узви артиши Украина ва 5400 узви гурӯҳҳои мусаллаҳ кушта шудаанд.

Ин санад инчунин мегӯяд, ки дар қиёс бо соли 2014-и авҷи мухолифатҳо шумори қурбониҳо дар миёни афроди мулкӣ тадриҷан коҳиш ёфта, агар шаш соли пеш 33-34 дарсади қурбониҳо шаҳрвандони оддӣ буданд, соли 2018 - 10-11 дарсади кушташудаҳоро афроди мулкӣ ташкил доданд.

Русия ба мусаллаҳони ҷудоиталаб дар Украинаи шарқӣ, ки манотиқи Донетск ва Луҳанскро дар бар мегирад, кӯмаки низомӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ фароҳам мекунад. Ноябри соли 2016 Додгоҳи байналмилалии ҷиноёни ҷангӣ ҳукм кард, ки ҷанг дар шарқи Украина “як низои мусаллаҳи байналмилалии миёни Украина ва Федератсияи Русия мебошад”.

XS
SM
MD
LG