Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари "Гурӯҳи 24": "Мавқеи мо тағйир намеёбад". АКС


Сӯҳроб Зафар
Сӯҳроб Зафар

Сӯҳроб Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24”, дархости чанд узви пешини созмонро аз Додгоҳи олӣ барои берун кардани номи он аз феҳрасти гуруҳҳои ифротӣ “ҳаққи шаҳрвандии онҳо” донист, вале гуфт, мавқеашон нисбат ба ҳукумат тағйир нахоҳад кард.​

Ҳафт узви собиқи "Гурӯҳи 24" рӯзи 25-уми феврал аз Додгоҳи олӣ хостаанд, ки "бинобар сабаби аз байн рафтани хатари гурӯҳ ба давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, онро аз рӯйхати созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ берун кунанд".

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 17 ҳизбу ҳаракат, равия ва созмон террористиву экстремистӣ эътироф шудаанд, ки дар миёни онҳо "Ал-Қоида", "Толибон", "Ансоруллоҳ", "Салафия", Ҳизби наҳзати исломӣ ва "Гурӯҳи 24" ҳастанд.

Ҳафт узви пешини "Гурӯҳи 24". Акс аз саҳифаи Меҳрубон Сатторов
Ҳафт узви пешини "Гурӯҳи 24". Акс аз саҳифаи Меҳрубон Сатторов

Мақомоти Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтанд, ки аризаи чанд узви пешини "Гурӯҳи 24"-ро барои берун кардани он аз феҳрасти созмонҳои ифротӣ дастрас карданд. Як манбаъ дар Додгоҳи олӣ рӯзи 26-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дархости мухолифони пешин ба онҳо расид, "вале феълан рӯзи баррасии ариза маълум нест".

"Гурӯҳи 24" моҳи октябри соли 2014 аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнӯъ ва экстремистӣ эълон шуд. Дар он шабу рӯз Умаралӣ Қувватов, раҳбари пешини гуруҳ, ки дар хориҷ ба сар мебурд, мардумро ба эътирози сартосарӣ ва бахусус майдони марказии Душанбе даъват карда буд.

Ҳарчанд дар рӯзи 12-уми октябри ҳамон сол касе ба хиёбонҳо набаромад, Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, барои экстремистӣ эълон кардани созмон далели кофӣ дар даст дорад. Дар тақрибан панҷ соли гузашта чандин нафар барои узвият дар ин созмон дар дохилу хориҷ боздошт ва зиндонӣ шуда, даҳҳо тани дигар таҳти пайгард ҳастанд.

Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон
Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон

Оятулло Гиляев, узви собиқи "Гурӯҳи 24" соли гузашта аз хориҷа ба ватан баргашт ва ба гуфтаи худаш, мавриди афв қарор гирифт. Вай рӯзи 26-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аризаро соати 14-и рӯзи душанбе ба Додгоҳи олӣ супурданд.

Гиляев мегӯяд, бо бозгашти 50 узви гурӯҳ аз Русия ва изҳори пушаймонии аксарият, онҳоро ба ин фикр овардааст, ки "гурӯҳ дигар хатар надорад".

"Асосгузори гурӯҳ Умаралӣ Қувватов буд ва аз дунё гузашт. Тамоми онҳое, ки дар Русия фаъол буданд, ҳамагӣ ба ватан баргаштанд. Бо бозгашти мо касе дар Русия намонд, ки ташвиқ барад. Ба ҳамин хотир, тасмим гирифтем, барои аз сафи созмонҳои ифротӣ берун кардани он ба мақомот муроҷиат намоем", - афзуд ӯ.

Умаралӣ Қувватов дар Истанбул кушта шуд
Умаралӣ Қувватов дар Истанбул кушта шуд

Умаралӣ Қувватов, тоҷири шинохтаи тоҷик, соли 2012 Тоҷикистонро тарк кард ва дар Маскав "Гурӯҳи 24"-ро таъсис дод. Вай баҳори соли 2015 дар Туркия кушта шуд. Аъзои ин созмон дар ташкили куштори Қувватов мақомоти Тоҷикистонро гунаҳгор карданд.

Сӯҳроб Зафар, раҳбари созмони “Гурӯҳи 24”, ки дар хориҷа ба сар мебарад, гуфт, то ҷое маълумот доранд, баъзе аз аъзои собиқ бо ташвиқи бархе доираҳои ҳукуматӣ ин аризаро навиштаанд. Ӯ гуфт, "ҳаққи шаҳрвандии ҳар нафар аст, ки чунин дархост кунад".

Аммо афзуд, бо ин амал ҳукумат чӣ коре анҷом доданист, барояшон рӯшан нест. "Мо ҳаракати сиёсӣ ҳастем. Ин амали ҳукумат ҳатман ба фаъолияти мо таъсир дорад. Аммо мусбат ё манфӣ буданашро вақт нишон медиҳад. Вале дар ягон ҳолат мавқеи “Гуруҳи 24” нисбат ба ҳукумат тағйир намеёбад. Мо ҳаракати мардумием ва моро ҳукумат натавонист, ба гурӯҳҳои даргири ҷанги дохилӣ рабт диҳад. Чун мо на бо Фронти Халқием ва на бо ИНОТ”, - афзуд ӯ.

Номаи аъзои собиқи "Гурӯҳи 24" дар ҳолест, ки Шарофиддин Гадоев, яке аз асосгузорони дигари гурӯҳ ва муовини пешини Умаралӣ Қувватов, дар шароити мармуз дар Душанбе қарор дорад. Вай дар Ҳолланд паноҳанда буд ва рӯзи 13-уми феврали имсол бо нияти, ба қавли худаш, мулоқот бо мақомоти амниятии Русия ба Маскав рафта буд.

Нусхаи номаи аъзои собиқи "Гурӯҳи 24" дар Додгоҳи олии Тоҷикистон
Нусхаи номаи аъзои собиқи "Гурӯҳи 24" дар Додгоҳи олии Тоҷикистон

XS
SM
MD
LG