Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли гузашта дар Афғонистон беш аз 3800 ғайринизомӣ кушта шудааст


Созмони Милали Муттаҳид соли 2018-ро "маргбортарин сол" барои ғайринизомиҳо дар Афғонистон донист.

Ин созмон дар гузориши тозаи худ, ки рӯзи 24-уми феврал нашр шуд, гуфт, соли 2018 дар Афғонистон беш аз 3800 ғайринизомӣ кушта ва беш аз 7100 нафари дигар маҷруҳ шуданд.

Ин рақам дар муқоиса ба талафоти ғайринизомиён дар соли 2017 ёздаҳ дар сад бештар будааст.

Афзоиши талафоти сокинони осоишта дар Афғонистон ба ҳамлаҳои гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" ва идомаи амалиёти Толибон дар ин кишвар рабт дода шудааст.

Соли гузашта дар Афғонистон дастикам 65 ҳамла сурат гирифтааст, ки дар натиҷаи он 2200 нафар ҷон бохтааст. Ҳудуди 500 сокини осоишта дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ва муттаҳидонаш кушта шудаанд.

Омори тоза аз талафот дар Афғонистон дар остонаи даври дигаре аз гуфтугӯҳои сулҳ миёни намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон бо гуруҳи Толибон, ки қарор аст дар рӯзи душанбе анҷом шавад, нашр шудааст.

XS
SM
MD
LG