Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вотел: "Амрико фишор ба Толибонро идома медиҳад"


Ҷозеф Вотел
Ҷозеф Вотел

Генерали баландрутбаи амрикоӣ мегӯяд, ИМА қасди берун кардани сарбозонаш аз Афғонистонро надорад, балки ба гурӯҳи Толибон фишори низомӣ меорад, то раванди сулҳ дар ин кишвар фаъол шавад.

Хабаргузории Интерфакс рӯзи 21-уми феврал аз қавли Ҷозеф Вотел, раҳбари Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар як нишасти минтақавӣ дар Тошканд иштирок мекунад, навишт, ки Амрико «гуфтугӯ барои оташбас дар Афғонистонро қадами муҳиме барои бунёди боварӣ медонад».

«Бо ин вуҷуд, мо фишори низомиро ба Толибон идома медиҳем. Ҳадафи мо тағйир намеёбад. Мо фармони берун бурдани сарбозонамонро нагирифтаем», - гуфт Ҷозеф Вотел.

Ҷозеф Вотел, генерали амрикоӣ рӯзи панҷшанбе дар нишасти раҳбарони ситодҳои генералии кишварҳои Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ дар Тошканд сӯҳбат кард.

«Стратегияи Амрико оид ба Осиёи Ҷанубӣ кор мекунад. Ҳадаф - расидан ба оташбас миёни ҳукумат ва гурӯҳи Толибон аст. Шеваи низомии вазъият бетағйир мемонад. Ягон ҷониб бояд бартарии низомии худро нишон надиҳад,» - гуфт ӯ.

Ҷозеф Вотел гуфт, Амрико дар мавриди берун бурдани сарбозони ИМА аз Афғонистон бо Толибон гуфтугӯ намекунад.

Генерали амрикоӣ нишасти Тошкандро муҳим хонд ва гуфт, он дар вазъи ҳассоси таърихӣ баргузор мешавад.

Вай афзуд: «Таҳдиди амниятӣ ҳанӯз вуҷуд дорад. Беҳтар аст, ки мо муштаракан бо он муқобилият кунем. Ба ин хотир, мо ин ҷо ҷамъ омадем, то ҳамкориҳоямонро тақвият бахшем ва ба натиҷа бирасем, ки чӣ тавр дар алоҳидагӣ ё муштаракан метавонем амал кунем».

Дар нишасти Тошканд намояндагони ситодҳои генералии қувваҳои мусаллаҳи Узбекистон, Афғонистон, Қазоқистон, Покистон, Туркманистон ва Тоҷикистон ширкат доштанд.

Дар ин нишаст бештар таъмини амнияту субот дар минтақа ва вазъи Афғонистон баҳс шудааст.

XS
SM
MD
LG