Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев ҳукумати Қазоқистонро ба истеъфо фиристод


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон ҳукумати кишварашро ба истеъфо фиристод. Дар ин бора вай рӯзи панҷшанбе қарор содир кард.

Назарбоев фаъолияти ҳукуматро танқид кард. Вай гуфт, вазирон наметавонанд, бо мардум кор кунанд. Ба гуфтаи Назарбоев, ҳукумат дар якҷоягӣ бо Бонки миллӣ натавонист, ки рушди босифати иқтисодро таъмин кунад.

"Дар натиҷаи бархӯрди сатҳии мақомоти иҷроия қисми осебпазири аҳолӣ ба кумакҳои иҷтимоӣ дастрасӣ пайдо накараданд",-омадааст дар изҳороти президенти Қазоқистон. Аскар Мамин иҷрокунандаи вазифаи сарвазири он кишвар таъйин шуд.

Ду ҳафтаи охир дар чанд минтақаи Қазоқистон эътирози оммавии модарони серфарзанд идома дорад, ки талаби беҳсозии зиндагии худро доранд. Эътирозҳо баъди он шуруъ шуданд, ки дар наздикии шаҳри Остона дар як оташсӯзӣ панҷ кӯдаки ноболиғ кушта шуд.

Ҳукумати Қазоқистонро аз соли 2016 ба ин тараф сарвазир Бахитҷон Сагинтаев роҳбарӣ мекард. Бар асоси Конститутсияи он кишвар, ҳукуматро президент ташкил медиҳад ва ҳукумат дар назди президент ҳисоботдиҳанда аст.

XS
SM
MD
LG