Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳукумат созмонҳои ҷамъиятиро ҳамкори худ намебинад"


Созмони "Amnesty International" мегӯяд, қонун дар бораи "агентҳои хориҷӣ" дар Русия, кишварҳои собиқ шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро ба қабули қонуни монанд ба он водор кард.

Қонун дар бораи "агентҳои хориҷӣ" соли 2012 дар Русия қабул шуд, ки фаъолияти расонаҳо ва созмонҳои ҷамъиятиеро, ки аз хориҷ саромоягузорӣ мешаванд, маҳдуд кард.

Созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, ки аксарашон дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ арзи ҳастӣ карданд, дар амри ҳимоят аз ҳуқуқи инсон, ҳаққи аққалиятҳову гурӯҳҳои заъфпазир ба кор пардохтанд.

Созмони "Amnesty International" дар гузориши тозаи худ, ки 20-уми феврал нашр шуд, навиштааст, зоҳиран Тоҷикистон низ бо пайравӣ аз Русия соли 2015 қонун "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ"-ро тасвиб кард.

Ба навиштаи "Amnesty International", созмонҳои ҷамъиятӣ бар асоси ин қонун пеш аз дарёфти сармояи хориҷӣ аз вазорати адлияи Тоҷикистон иҷозат мегиранд ва аз сарфи он ба ин вазорат ҳисобот медиҳанд. "Amnesty International" навиштааст, қонуне, ки фаъолияти созмонҳои ҷамъиятиро маҳдуд мекунад, пас аз Русия дар Озарбойҷон ва Қазоқистон низ қабул шуд.

"Шаффофият - муште ба сари созмонҳои ҷамъиятӣ?"

Тоҷикистон соли 2015 ба Қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ тағйирот ворид кард ва созмонҳои ҷамъиятиро муваззаф намуд, ки дар бораи маблағҳои дарёфткардаи тарҳу барномаҳояшон аз хориҷи кишвар ба Вазорати адлия ҳисобот диҳанд.

Чунин гузориш бояд дар муддати панҷ сол дар вебсайти расмии ҳар созмон нашр ва ҳифз шавад. Ҳамин тавр моҳи октябри соли гузашта созмонҳои ҷамъиятӣ иловатан муваззаф шуданд, сомонаи худро боз карда, ҳисоботи худро ҳамасола дар он гузоранд. Мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Вазорати адлия мегӯяд, ки ба хотири таъмини шаффофият дар кори созмонҳои ҷамъиятӣ, қарор кард қонунро тағйир диҳад.

Дилрабо Самадова, раиси созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ"
Дилрабо Самадова, раиси созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ"

Бо ин ки дар Тоҷикистон аз қабули истилоҳи русии "агенти хориҷӣ" пайравӣ накарданд, вале ба қавле фаъолони созмонҳои ҷамъиятӣ, эҳсоси "нобоварӣ ба созмонҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби сохторҳои ҳукуматӣ ҳеҷ гоҳ рафъ нашуд". Ҳанӯз ҳам бархе дар сохторҳои ҳукуматӣ истилоҳи созмони ғайридавлатиро ҳамчун "ғайриҳукуматӣ" қабул мекунанд.

Ҳуқуқшинос Дилрабо Самадова, раиси созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" собиқаи 15-солаи кор дар ташкилоти ҷамъиятиро дорад. Дар ин муддат нахустин созмони ташкилкардааш бо номи "Ампаро" бо талаби мақомот барҳам дода шуд. Ин созмон бо таҳқиқи ҳодисаҳои поймолшавии ҳуқуқи сарбозон дар артиш маъруф буд. Самадова мегӯяд, сол аз сол фазо барои кори созмонҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон тангтар мешавад.

Ҳамсӯҳбати мо аз таҷрибаи худ мегӯяд, вақте барои вайрон кардани қонун намояндаи ягон ниҳодро ба ҷавобгарӣ мекашанд, ба сӯи созмони ҷамъиятӣ ишораҳо мешавад, ки "ҳамаи ин барои сенсатсия ва маблағ аст". Самадова мегӯяд, мутаассифона, то ҳол на ҳамаи мақомоти давлатӣ моҳияти созмонҳои ҷамъиятиро дуруст фаҳмидаанд.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, тарафдори шаффофият дар кори ҳама созмонҳои ҷамъиятӣ аст, аммо "таъмини шаффофият" набояд ба як василаи фишороварӣ болои созмонҳои ҷамъиятӣ табдил ёбад.

"Грант гирифтан маънои хизмати касеро кардан нест"

Бархе намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ мегӯянд, ки гоҳҳо мақомот пеш аз онки дар масъалае назари онҳоро бишунаванд, аввал ба манбаи сармояашон ишора мекунанд.

Шаҳло Акобирова, раиси ташкилоти ҷамъиятии "Хома"
Шаҳло Акобирова, раиси ташкилоти ҷамъиятии "Хома"

Дар ҳоле масъулини ташкилотҳои ҷамъиятӣ суол доранд, ки вақте ҳукумат барои тарҳҳои худ аз созмонҳои байналмилалӣ худ маблағ дарёфт мекунад, чаро ташкилоти ҷамъиятӣ ҳаққи ин корро надошта бошанд?

Шаҳло Акобирова, раиси ташкилоти ҷамъиятии "Хома" гуфт, ин андеша то ҳол дар Тоҷикистон боқӣ мондааст, ки агар дар доираи гранти созмони хориҷӣ кор мекунӣ, ҳатман хизмати касеро анҷом медиҳӣ.

"Аммо як чизи оддитаринро наметавон фаҳмидан, ки созмони ҷамъиятӣ барои гирифтани як грант марҳилаҳои зиёдеро мегузарад ва тамоми равандҳо шаффоф ҳастанд. Барномаҳои мо барои рушди соҳаи муайян равона шудааст. Инҷо чигуна хизмати як созмони байналхалқӣ метавонад бошад?",-афзуд вай.

"Давлат созмонҳои ҷамъиятиро ҳамкори худ намебинад"

Тибқи омори расмӣ, феълан дар Тоҷикистон беш аз 1700 созмони ғайриҳукуматӣ фаъол аст. Ин созмонҳо соли гузашта барои амалӣ кардани тарҳҳои худ аз хориҷи кишвар 750 миллион сомонӣ "грант" ё кӯмаки билоиваз гирифтаанд. Соли 2013 ин рақам то 4,5 миллиард сомонӣ расида буд.

Ойниҳол Бобоназарова, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ.
Ойниҳол Бобоназарова, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Таҳлилгарон мегӯянд, миёни давлат ва созмонҳои ҷамъиятӣ як садде вуҷуд дорад, ки намегузорад онҳо дар якҷоягӣ кор кунанд.

Ойниҳол Бобоназарова, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, мушкили аслӣ дар он аст, ки ҳукумат то ҳол дар симои ташкилоти ҷамъиятӣ як партёр ё ҳамкори худро намебинад. Ҳол онки ба қавли хонум Бобоназарова, ҳукумат метавонад як қисми зиёди ӯҳдадории худро ба воситаи ташкилоти ғайридавлатӣ бепул иҷро кунад.

Созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, ки аксарашон дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ арзи ҳастӣ карданд, дар амри ҳимоят аз ҳуқуқи инсон, ҳақи аққалиятҳову гурӯҳҳои заъфпазир ба кор пардохтанд, дар бештарин ҳолатҳо аз сӯи созмонҳои байналмилалии мисли СММ, САҲА ва ҳукуматҳои аврупоиву ғарбӣ маблағгузорӣ мешуданд. Фаъолияти ин созмонҳо барои таъсиси ҷойҳои кории нав дар Тоҷикистони ҷангзада мусоидат кард.

XS
SM
MD
LG