Дар вилояти Қароқалпоқистони Узбекистон як хонандаи синфи 9-уми мактаби миёнаи рақами 14 бордор шудааст. Ба гуфтаи волидони духтар, ба номуси фарзандашон чанд хонандаи мактаби мазкур якҷоя дастдарозӣ кардаанд.
Як омӯзгори мактаби № 14 гуфт, ҳомиладории хонанда пас аз он ошкор шудааст, ки сабабҳои ба дарс наомадани ӯро ҷустуҷӯ карданд. "Баъд аз таътили зимистонӣ дигар ба дарс наомад. Дар аввал гуфтанд, ки ӯ бемор аст. Вале дертар маълум шуд, ки дар моҳи 5-уми ҳомиладорӣ қарор дорад", - афзуд ҳамсуҳбати мо.
Ба гуфтаи яке аз хешони духтар, волидон талош кардаанд, ҳамли ӯро сиқт кунанд, вале духтурон гуфтаанд, ки аллакай дер шудааст. Ҳоло духтар дар хонаи хешонаш дар Қазоқистон ба сар мебарад.
Мудири мактаби № 14 Давлатмурод Жарлихонов мегӯяд, аз ҳомиладории хонандаи худ хабар надошт. Чанд омӯзгор ва хешовандони духтар мегӯянд, мақомот талош доранд, ҳодисаро пинҳон кунанд.
Вале дар пайи пурсуҷӯи рӯзноманигорон кормандони пулис ва додситонии Чимбой 13 феврал барои таҳқиқи ҳодиса ба мактаби № 14 рафтаанд. Дар Додситонии кулли Узбекистон низ тасдиқ карданд, ки 13 феврал дар робита ба таҷовузи як хонандаи мактаб дар ноҳияи Чимбой парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.