Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба фурӯшандагони хушкмева дар Исфара се рӯз муҳлат доданд, то ...


Нозироти андоз дар шаҳри Исфара ба фурӯшандагони хушкмева се рӯз муҳлат доданд, ки патент гирифта фаъолияти худро идома диҳанд, вагарна муҷозот мешаванд.

Ин зарбулаҷали нозирони андоз, ки аксаран ба боғпарварон рабт мегирад, бисёриҳоро нороҳат кардааст. Барои аксари онҳо меваи хушк танҳо манбаи даромади зиндагӣ мебошад ва ҷорӣ шудани патент ё молиёт, харҷи онҳоро зиёд мекунад.

"Агар патент гирам, аз нисфи даромад мемонам"

Гаронии андоз бахусус дар соҳаи соҳибкории хурду миёна, аз назари тоҷирону соҳибкорон, боиси аз фаъолият бозмондани ширкатҳои зиёд дар Тоҷикистон дар чанд соли охир шудааст.

Хушрӯз Мӯсоев, як сокини Исфара мегӯяд, парвариши зардолу ва фурӯши меваи хушки он ягона даромади оилаи 6-нафариаш аст ва агар патент бигирад, беш аз нисфи даромади моҳонаашро аз даст медиҳад.

Ӯ ҳар сол дар мавсими ҳосил аз 35 то 40 халта меваи хушки задрдолуро захира карда, онро дар мавсими зимистон - замоне ба фурӯш мебарорад, ки каме нархаш боло меравад. Даромади бадастомада харҷи зиндагии мавсими сарди зимистону баҳор мешавад. Ҳушдоре, ки Хушрӯз Мӯсоев ва дигар ҳампешагонаш аз нозирони андоз гирифтаанд, огоҳ мекунад, ки дар сурати надоштани патент бо арзиши 500 сомонӣ, ҳар яки онҳоро ҷаримаӣ мебанданд ва фаъолияти онҳо ғайриқонунӣ эътироф мешавад.

Ӯ гуфт, "аз мо талаб карда истодаанд, ки патент гирем ва ҳар моҳ беш аз 500 сомонӣ ба давлат андоз супорем будаст. Ман аз ҳисоби фурӯши зардолуи хушк дар мавсими тирамоҳу зимистон рӯзе 50-60 сомонӣ даромад дорам. Гоҳҳо мешавад, умуман савдо намекунем. Агар ҳар моҳ 500 сомониашро ба давлат супорем, барои рӯзгор пулӣ кофӣ намемонад"-, гуфт ӯ.

Мӯсоев мегӯяд, ӯ тоҷир нест ва танҳо он хушкмеваеро мефурӯшад, ки худ парвариш мекунад. Ташвишаш аз он аст, ки даромади ӯ аз ин ҳисоб танҳо пас аз ҳосилғундорӣ дар тирамоҳу зимистон ба даст меояд. Мегӯяд, баҳору тобистон даромад надорад, аммо пули патентро 12 моҳ дар сол бояд супурд.

Дар боғҳои меваи Исфара навъҳои мухталифи зардолу парвариш мешавад ва даромади аксар сокинони деҳоти ин минтақа низ аз ҳисоби парвариш ва фурӯши меваи хушки он аст. Қисмати зиёди маҳсулот ба хориҷи кишвар, умдатан Русия содир мешавад.

Даромад аз фурӯши маҳсулот дар Русия беҳтар назар ба Тоҷикистон аст, вале ин масъулият одатан ба дӯши тоҷирони дигар аст, ки махсус барои ин кишвар кор мекунанд. Нозирони андоз дар Исфара мегӯянд, ки фаъолияти тоҷирони меваи хушк бояд қонунӣ бошад.

"Патент танҳо аз тоҷирон талаб карда мешавад"

Эҳсон Ғаффорӣ, роҳбари нозироти андози Исфара рӯзи 18-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аксар афроде, ки дар бозорҳо ба фурӯши меваи хушк машғуланд, боғпарварон нестанд, балки ба тиҷорати ин мева машғуланд ва албатта барои ин фаъолият бояд патент бигиранд.

Бозори фурӯши меваи хушк дар Исфара. Акс аз бойгонӣ.
Бозори фурӯши меваи хушк дар Исфара. Акс аз бойгонӣ.

Ӯ гуфт, "патент танҳо аз тоҷирони хушкмева талаб карда мешавад. Аз нафароне, ки хоҷагии деҳқонӣ доранд, чунин андоз талаб карда намешавад. Аммо нафроне, ки ба хариду фурӯши меваи хушк машғуланд, мувофиқи қарори 405 бояд барои ин фаъолият патент бигиранд. Албатта, вобаста ба масоҳати дӯкон".

Ғаффорӣ гуфт, шахсан худаш барои фаҳмонидани меъёрҳои қонуни андоз ба назди тоҷирон ба бозор рафта буд ва савдогаронеро мушоҳида кард, ки бо мошинҳои боркашон хушкмеваро оварда мефурӯшанд, аммо андоз намесупоранд.

"Мо ба онҳое, ки 10 килову 20 кило мефурӯшанд, эрод нагирифтем. Аммо онҳое як тоннаву ду тонна мефурӯшанд, бояд андоз супоранд. Мо дар ин ҷо корхонаҳои коркарди хушкмеваро дорем, онҳо ҳам ба мо шикоят карданд, ки вақте мол мехаранд, фурӯшандагон ягон ҳуҷҷат надоранд. Бинобар ин, мо корҳои фаҳмондадиҳӣ пеш мебарем, ки онҳо патент гиранд ва ҳамин занҷираи парвариш ва истеҳсоли меваи хушк аз оғоз то ба охир шаффоф бошаду андоз супорида шавад"-, иброз дошт Ғаффорӣ.

Пойфишории нозирони андоз дар Исфара барои гирифтани патент ва андозситонӣ аз боғапарварони ин минтақа, ки умдатан ба павариши зардолу машғуланд, дар ҳолест, ки аз моҳи апрели имсол қарор аст нархи патент боз ҳам боло равад.

Тавварум зиёд шуд, патент ҳам гарон мешавад

Ахиран Вазорати молия ва Кумитаи андози Тоҷикистон дар мавриди индексатсия ё бозбинии арзиши патент қарори муштарак қабул карданд. Ин қарор барои сабти расмӣ ба вазорати адлия ирсол шудааст ва бо нашри он мавриди амал қарор мегирад. Мувофиқи ин қарор, андозаи пули ҳармоҳаи патент вобаста ба навъи фаъолият, мувофиқ ба ҳаҷми таваррум (инфлятсия) боло меравад.

Соли гузашта ҳаҷми таваррум дар кишвар, 5,4 дарсад буд ва мутаносибан пули патент ҳам ба ҳамин миқдор боло меравад. Барои мисол, овозхонҳои тӯй барои патент худ бояд ҳоло ҳар моҳ 633 сомонӣ пардохт кунанд. Пас аз индексатсияи патент нархи он то ба 667 сомонӣ гаронтар мешавад. Ронандагони мошинҳои боркаш ҳоло ҳар моҳ 703 сомонӣ андоз медиҳанд, минбаъд ин андоз 741 сомонӣ хоҳад шуд.

Барои барандагии тӯй ҳоло 130 сомонӣ ба давлат андоз супурда мешавад ва минбаъд ин нишондод то 147 сомонӣ баланд хоҳад шуд.

Мувофиқи қонуни андоз, дар Тоҷикистон 48 навъи фаъолият шурӯъ аз фурӯши нос то овозхониву наворбардорӣ, таъмири мошину хона ва дуредгариву кор бо сантехника бар асоси патент иҷоза дода шудааст. Дорандагони патент ба фарқ аз шаҳодатномаи соҳибкорӣ ҳар моҳ новобаста ба ҳаҷми даромадашон як маблағи муайянкардаи Кумитаи андозро ҳар моҳ бояд пардохт кунанд.

Интиқод аз андозбандиҳо дар Тоҷикистон

Масъалаи андозбандӣ шудани ҳама соҳаҳо ва ҳам ҳар сари чанд вақт боло рафтани мизони молиёт яке аз масоили мавриди баҳс ва интиқод дар ҷомеа мебошад. Дар интиқоди сокинони Тоҷикистон номутаносиб будани даромад, мизони маош ва пардохтҳои иҷтимоӣ дар муқобили андози давлатӣ таъкид мешавад.

Гаронии андоз бахусус дар соҳаи соҳибкории хурду миёна, аз назари тоҷирону соҳибкорон, боиси аз фаъолият бозмондани ширкатҳои зиёд дар Тоҷикистон дар чанд соли охир шудааст. Анҷумани соҳибкорони хурду миёна ду сол пеш гуфт, ки бар асари шароити номуносиби пешбурди тиҷорат, бахусус бо сабаби боло будани мизони андозҳо, 200 ҳазор корхонаи хусусӣ дар Тоҷикистон баста шуд.

Матлуба Ӯлҷабоева, раҳбари ин анҷуман феврали соли 2017 гуфта буд, ки мизони баланди андоз сармоягузоронро ҳам ҳаросон кардааст. Бино ба ҳисобҳои Бонки ҷаҳонӣ, беш аз 65 дарсади даромади ширкатҳои миёна дар Тоҷикистон барои молиёт харҷ мешуд, дар ҳоле, ки Қирғизистону Қазоқистон ин рақам фақат ба 29 дар сад мерасад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG