Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Восеъ аз осоишгоҳи мубталоёни сил кӯдакистон месозад.ВИДЕО


Вазъи феълии ягона осоишгоҳи сил барои кӯдакон дар Тоҷикистон

Ҳукумати ноҳияи Восеъ гуфт, ягона осоишгоҳи нимавайрони кӯдакони гирифтори cил дар ноҳияро таъмир карда, ба кӯдакистон табдил медиҳад.

Мусо Ғафурзода, раиси ноҳияи Восеъ, ҳафтаи гузашта дар нишасти хабарӣ гуфт, ки аз вазорати тандурустӣ дархост карданд, ки иҷрои ин тарҳ мусоидат намояд.

“Чун дар ин ду деҳоти калони ҷамоати Худоёр Раҷабов кӯдакистон вуҷуд надорад, ду ҳафта пеш дархост кардем, аз вазорати тандурустӣ намояндаҳо омада диданд. Баъди ин мо лоиҳаро ҷиҳати сохтани кӯдакистон барои 250 нафар омода кардем” - гуфт раиси ноҳияи Восеъ.

Радиои Озодӣ як моҳ қабл аз осоишгоҳи нимавайрони кӯдакони гирифтори cил гузориш таҳия карда буд. Баъди ин намояндагони ҳукумати ноҳия ва вазорати тандурустӣ барои тафтиш омаданд. Ҳоло осоишгоҳ як ҷойи тарснокеро мемонанду барои бархе сокинони бехона, ба ҷойи истиқомат ва ҳезумхонаву оғили онҳо табдил ёфтааст.

ВИДЕОРО ИНҶО БУБИНЕД

Чаро осоишгоҳи кӯдакон дар Восеъ ҷойи тарсноке шудааст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:38 0:00

Аммо мутахассисону табибон мегӯянд, ки барои сохтани кӯдакистон дар ҷойи осоишгоҳ бояд дар ин ҷо ташхиси ҳаматарафа сурат бигирад, ки оё дар воқеъ ин маҳал барои кӯдакистон мувофиқ ҳаст ва оё ангезандаҳои сил дар инҷо боқӣ намондаанд.

Нураҳмад Ғоибов, сармураббии собиқи осоишгоҳ гуфт, ки вируси сил метавонад, даҳсолаҳо бимонад ва ба дигарон сироят кунад.

Вай афзуд: “Ҳарчанд дар офтобӣ сӯзон вирус гум мешавад, вале як заррааш пинҳон мемонад ва мумкин аст, ба дигарон сироят кунад. Дар таҷриба дидаем, дар як хона гирифтори бемории сил зиндагӣ кардааст. Баъди он дигар нафар зиндагӣ мекнад он ҳам бемор мешавад. Баъди ташхис муайян мекунанд, ки дар ҳамин хона вирус мондааст.

Осоишгоҳи нимавайрони кӯдакони гирифтори сол дар деҳаи Нонҷемас то замони суқути шӯравии собиқ дар соли 1992 дар ҷумҳурӣ ягона ба ҳисоб мерафт ва ҳар се моҳ то 200 кӯдакро барои истироҳату табобат ба онҷо меоварданд.

Осоишгоҳи нимавайрони кӯдакони гирифтори cил дар деҳаи Нонҷемаси ноҳияи Восеъ ҷойгир аст. Бо оғози ҷанги дохилӣ дар соли 1992 ва баъди бурдани таҷҳизоту васоили осоишгоҳ ва холӣ мондани бино, сокинони бехона онро ба ҷойи иқомат табдил доданд.

Ба гуфтаи сокинони деҳа, ҳарчанд иҷозаи зиндагӣ дар инҷо надоранд, вале иқомати онҳо сабаб шуд, ки осоишгоҳ аз нобудии комил эмин монад.

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG