Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир гуфт, ки содироти алюминиюм кам шудааст


Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз коҳиши тавлид ва содироти алюминиюм дар соли гузашта дар кишвар хабар дод. Ба гуфтаи масъулони ин вазорат, корхонаи "Талко" дар соли гузашта 95,8 ҳазор тонна алюминиюм тавлид кардааст, ки ба 92,8 дарсади тавлидоти як соли қабл баробар будааст.

"Талко"- бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон солона даҳҳо ҳазор тонна алюминиюми хом - як моли муҳими моли содиротии кишварро истеҳсол мекунад.

Дар зимн, аз маҷмӯи умумии алюминиюми тавлидшуда дар соли гузашта, 94,8 ҳазор тоннаи он ба хориҷи кишвар содир шудааст, ки дар қиёс ба як соли пеш рӯ ба коҳиш аст. Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ин амрро ба ворид нашудани ашёи хом барои истеҳсоли алюминиюм рабт дод ва гуфт, ки "вобаста ба ин албатта чораҳои дахлдор андешида шуда истодаанд".

Ба қавли вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, сабаби дигари коҳиши тавлидоти алюминиюм, фарсуда шудани таҷҳизоти корхонаи "Талко" низ будааст. Ҳоло ин корхона тарҳи модернизатсия ва таҷдиди дастгоҳҳои коркарди алюминиюм таҳия кардааст ва ба гуфтаи масъулин, нақшаи тавлидот дар соли ҷорӣ рӯ ба афзоиш хоҳад шуд.

Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон афзуд, тибқи пешгӯиҳои таъйидшуда, истеҳсоли алюминиюм то 245 ҳазор тонна дар сол дар назар аст. "Вале бо назардошти ҷараёни фурӯши маҳсулот, барномаи рушд, ҳалли масъалаи интиқоли маҳсулоти хом барои тавлиди алюминиюм, мо, вазорати мо баҳогузорӣ кардем, ки дар соли ҷорӣ ҳудуди 149 ҳазор тонна алюминиюм истеҳсол мешавад",-афзуд вай.

Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон.
Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон.

Ин изҳори назари мақомоти вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар ҳоле аст, ки ахиран Туркманистон роҳро барои убури мошинҳои борбари Тоҷикистон баст, ки аз 100 вагони дармонда, 29 вагон дар дохилаш кокс - як ашёи хоми зарурии шикрати "Талко" будааст.

Аз сӯи дигар, ахиран масъулони ширкати "Барқи тоҷик" гуфтанд, қарзи ширкати "Талко" аз ҳаққи истифодаи барқ наздик ба 400 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ба қавли масъулони ширкат, "Талко" феълан дар шабонарӯз 7 миллион киловат соат барқ истифода мебарад.

Ширкати "Талко", собиқ ТадАЗ (корхонаи алюмингудозии Тоҷикистон), дар миёнаҳои солҳои 60-ум сохта шуда, ширкати миллист.

Чанд чол пеш дар саҳифаҳои матбуот ин андеша ба миён гузошта шуда буд, ки "Талко" ба будҷаи давлат андози чандон бузурге пардохт намекунад ва беҳтар аст фурӯхта шавад. Аммо он замон мақомоти "Талко" гуфтанд, корхонаи алюминиюм дар канори нерӯгоҳҳои "Роғун" ва Норак аз аҳамияти миллӣ бархӯрдор аст ва ҷузъи ифтихори миллист, ки ба фурӯш гузошта нахоҳад шуд.

"Талко"-- бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон солона даҳҳо ҳазор тонна алюминийи хом - як моли муҳими моли содиротии кишварро истеҳсол мекунад. Ин ширкат дар пайи поинравии нархи алюминиюм дар бозори ҷаҳонӣ дар чанд соли охир, дучори мушкили молӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG