Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳезер Нойерт аз мақоми сафири Амрико дар СММ даст кашид


Ҳезер Нойерт
Ҳезер Нойерт

Ҳезер Нойерт, ки аз тарафи раиси ҷумҳури Амрико сафири ин кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид интихоб шуда буд, мегӯяд, аз ин мақом даст кашидааст. Вазорати корҳои хориҷии Амрико ин хабарро тасдиқ кард.

Нойерт рӯзи 16-уми феврал дар баёнияи расмӣ гуфт, ба нафъи худу хонаводааш медонад, ки аз пазируфтани ин мақом сарфи назар кунад.

Шуморе аз мунтақидон дар мавриди номзадии Ҳезер Нойерти 49-сола ба мақоми сафири Амрико дар Созмони Милал суолҳоеро матраҳ карда буданд. Онҳо иддао доштанд, ки ӯ дар мавриди дипломатияи хориҷӣ ва сиёсатсозӣ таҷриба надорад ва шароиташ барои гирифтани чунин як курсӣ мусоид нест.

Ҳезер Нойерт дар гузашта ба ҳайси муҷрӣ ва хабарнигор дар телевизиони “Фокс Нюз” кор мекард. Вай соли 2017 сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико таъйин шуд.

Қарор буд ӯ ба ҷои Никкӣ Ҳейлӣ ба ҳайси сафири Амрико дар Созмони Миллали Муттаҳид кор кунад, вале ин симатро напазируфт.

XS
SM
MD
LG